​Изҳороти устодони факултети санъат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ақлу хиради азалӣ ва сабру таҳаммули беназири халқи тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳ ишора намуда, дар яке аз аз суханронии худ бо ифтихор таъкид сохт, ки «Пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маҳз натиҷаи талошу муборизаи фарзандони фарзонаи ватан ва ақлу хирад ва кўшишу ғайрати миллати хоксору сарбаландамон аст. Аз ин рў меарзад, ки бо чунин халқ ифтихор кунем ва ин гуна миллатро тоҷи сар намоем. Зеро чунин миллати шикастнопазир арзандаи самимитарин муҳаббату эҳтиром ва сазовори мақоми шоиста дар ҷомеаи башар аст».

Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллал мавриди омўзиш қарор гирифта ва он барои ҳалли муноқишот дар нуқтаи дигари ҷаҳон истифода мешавад.Барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон боиси тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа гардида, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Мутаассифона, зуҳуроти номатлуб - терроризм ва ифротгароӣ дар баробари дигар кишварҳо ба Тоҷикистони мо низ таҳдид мекунад ва ҷавонони гумроҳ ба ин равияҳо ҷалб гашта истодаанд. Аз ҷониби мақомоти ҳуқуқӣ бо таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти халқ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ солҳои охир ошкор шуда истодааст. Мардуми соҳибмаърифат бояд аз ҳилаву макри душманони миллат, хоинону бадниятонро саривақт дарк кунанд ва ҳаргиз фирефтаи фиреб нашаванд. Ҳар кас, ки соҳиби ақлу фиросат аст, мақсадҳои ташкили ҳамоишу барангехтани мардумро мефаҳмад. Албатта, нақшаву ниятҳои мардуми разил, ки аз нотавонбинӣ халалдор кардани оромиву осоиштагии Тоҷикистони азиз аст, ба зудӣ ошкор гашта, мувофиқи қонун ҷазо мегиранд. Инсонҳои бадгуҳар дар тамоми давру замон буданду ҳастанд ва танҳо хиради ашхоси соҳибмаърифат метавонад боздорандаи қасди шуми онҳо шавад.

Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз бояд ҳамеша омода бошем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Ба роҳи тайкардаи ҷумҳурии соҳибистиқлол назар афканда, ба ифтихор метавон ёдовар шуд, ки он ощози марҳалаи нави таърихи кишвар, марҳалаи бунёдкоруву созандагӣ гардид. Сарфи назар аз ҳамаи мушкилоти давраи гузариш муддати начандон тўлонии Истиқлолиятро бо камоли итминону ифтихор авҷи худшиносӣ ба бедории миллии тоҷикон номид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ