​Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад

Мирзои Салимпур бо паҳн кардани хабари иғвоангез дар расонаи хабарии «Ахбор.ком» чӣ нияту мақсад дорад? Бо сиёҳ кардани фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ангехтани низоъ миёни ҷомеаи Тоҷикистон аст? Ҳол он сокинони кишварамон ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ғаразнок, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гарданд, қотеона маҳкум менамоем. Дар ин миён фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати пойдор бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ дар ҳаракат аст ва моро лозим аст, то ин равандро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда кишвари ободу зебо ва қавиро ба мерос гузорем. Ҳамин гуна фарзадони нохалаф барои чунин хидматҳои нопокашон ва хиёнатҳои кардашон бояд дар назди халқу ватан ҷавоб гӯянд. Мирзои Салимпур, ки яке аз шахсиятҳои барои миллати мо фурӯхташуда, имруз ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ удро як шахсияти нодири таърихӣ таҷассум карда истодааст. Гӯё баъд аз ӯ касе ба дунё намеояд ва пеш аз ӯ мисли вайпайдо нашудааст. Албата ин гуна ҳаракатҳо хандаи касро меоварад.

Мо ақидаҳои ғайриинсонии Мирзои Салимпурро маҳкум мекунем ва намегузорем, ки ба ҷомеаи шаҳрвандии кишвар латмае ворид шавад.

Ин сагон мелақанд, лекин корвони муваффақияту ормонҳои мардум ба пеш меравад.

М. Манонова, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат,

Г. Мамадалиева, дотсенти кафедраи психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ