​Изҳороти Бобоҷонова Назира муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Ҷумҳурии исломии Эронро ба гуруҳи террористӣ шомил намудани Амрико тайи чанд рўз аст, ки таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба худ ҷалб намудааст. Мо ҳаминро ин ҷо бояд қайд намоем, ки эрон ба воситаи қанотии хориҷии ҷангандаи хеш, ки таҳти унвони сипоҳи қудс ёд мешавад, даст ба ҳар гуна тахрибкориҳо зада, дар дохили кишварҳо адамонро ба мазҳаби шиа фиребкорона дароварда, мағзи онҳоро шуста ба муқобили давлату ҳукумати қонунӣ сафарбар менамояд. ТТЭ ЊНИ, ки пуштибнаш кишвари Эрон ва Сипоҳи посдорониинқилоби исломӣ ба шумор меравад, ҳамеша бо маблағҳои пуливу молӣ ҷонибдорӣ ёфта, ба фаъолияти густарда пардохтаанд. Чайи чанд рўз мешавад, ки дар мавриди ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Ҷумҳурии исломии Эрон ин хоинони кишвар хомўш нишастаанд ва худ ин шева далолат бар он мекунад, ки аз пуштибони худ наметавонанд дифоъ кунанд ё онҳоро мавриди танқид қарор диҳанд. Агар дифоъ кунанд дар Аврупо ҳастанд ва Амрико онҳоро ҳамчун як бадарғаҳои бехонумон аз ин минтақаи таҳти нуфузаш меронад ва агар танқид кунанд ва ҷонибдори Амрико шаванд аз пулу моли ҳангуфту бедарду миён маҳрум мешаванд. Аз ин ҷиҳат, хомўширо беҳтар дониста нафасашонро ба дарун андохтаанд. Мо ин амали онҳоро маҳкум мекунем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ