Ватанхоҳӣ ба кирдор аст ё гуфтор…
Мирзои Салимпур – муассис ва масъули сомонаи «Ахбор» аст, ки оид ба фишор ва шантаж гирифтор буданаш шикоят кардааст. Гӯё Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба озодона амал кардан намемонад, таъмини озодии матбуот ва сухан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо ҳамаи даъвоҳоиӯ пучу беасос буда, ягон асоси воқеӣ надоранд.Агар амиқтар назар созем, мебинем, ки дар кишвари мо чандин рӯзнома, маҷалла, телевизиону радиоҳо бобарномаҳои хусусӣ амал менамоянд. Локин амали ҳар яки онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва Оинномаашон аст. Ҳатто роҳбарон ва масъулини ВАО иқрор мешаванд, ки байни ВАО – и давлатӣ ва хусусӣ рақобат вуҷуд дорад ва он рақобати солиму эҷодкорона аст.
Боз Мирзои Салимпур иқрор мешавад, ки онҳо дар шаҳри Прага ҷойгир буда, фаъолияти худро аз ҳамин ҷой мебаранд. Ин чиз ниҳоят хандаовар ва иқроршавии соддалавҳона аст. Аз масофаи дур истода, чӣ тавр ҳақиқатро мебинӣ, дарк мекунӣ, дар бораи он изҳори назар менамоӣ? Бинобар ин мақоли халқӣ ёдрас мекунад: «Шунидан кай бувад, монанди дидан!?».
Ту бояд худ донӣ, ки Тоҷикистон ниҳоят пеш рафта аст. Роҳбарияти мамлакат ният доранд, ки кишвари моро аз маҳаллӣ аграрӣ – индустриалӣ ба сарзамини индустриалӣ – аграрӣ табдил диҳанд. Навгонии аз ҳама муҳим ин ба короғоз намудани чархаи аввалини НБО–и Роғун мебошад. Халқ аз ин корҳо ниҳоят шоду мамнун ҳастд ва умед дорем, ки ҳамаи нақшаҳоямонро пурра амалӣ мегардонем. Аммо «дӯстони ҳамхуни мо» ин пешравиҳоро дида наметавонанд ва эътироф ҳам намекунанд. Майлаш онҳо дида натавонанд, эътироф накунанд, вале дигар мардуми кишварҳои гуногуни олам ба он боварӣ доранд ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафтаи саноатӣ, аграрӣ, фарҳангию сайёҳӣ кайҳо эътироф кардаанд.
Боз вай менависад, ки дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ «фермаи ҷавоб» таъсис додаанду ин «фермаи ҷавоб» ба ҳар маводи онҳо раддияи ҷавобӣ «омода месозад». Ана буҳтон, ана туҳмати рӯирост. Охир, Салимпур намефаҳмад ё фаҳмидан намехоҳад, ки мардуми кишвари мо бесавод нест. Онҳо ҳама чизро мехонанд, мефаҳманд, мантиқан таҳлил карда метавонанд.
Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ халқи Тоҷикистонро ҳушёр кард, онҳоро аз ғафлат бедор намуд. Акнун онҳо пурра қодир ҳастанд, ки некро аз бад, душманро аз дӯст фарқ намоянд. Инчунин, дастрасии маводҳои интернетӣ барои мо осону қулай аст. Пас чӣ мемонад, ки ба маводҳои ҳархелаю соддалавҳонаю кӯдакона бовар кунем. Ҳар чӣ ки Мирзои Салимпур ба гардани тарафи Тоҷикистон ва мақомоти қудратии он «бор» карданӣ аст, амалкарди ҷавобҳои худашон мебошад. Бинобар ин мо боз бо мақоли халқӣ ба изҳороти онҳо ҷавоб мегардонем: «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!».
Ин гуна даъвоҳои беасосро нисбат ба ватани азизамон хондаю шунида, муҳри хомӯшӣ ба лаб зада наметавонем. Чӣ хеле ки мегӯянд: «Чоҳканро чоҳ дар пеш аст». Бигзор онҳо ба чоҳи кандаи хеш афтанд, ҷазоҳои бадкирдориҳои худро бинанд. Боз бо як байти назми халқӣ ба онҳо ҷавоби сазоворро муносиб медонем:
Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ!
Ана ҳамин тавр, маводи сомонаии Мирзои Салимпур моро нисбат ба тақдири Ватани худ, нисбат ба ояндаи худ бетараф гузошта наметавонад ва мо - аҳли эҷодии рӯзномаи «Нури маърифат» мулоҳизоти худро ихчаму фаҳмо баён намудем.
Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»