Ифротгароии хушунатомез нестии зиндагии хушбахтӣ
Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷўшу хурўши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароѓдори маънавият дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд ва маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ шинохта шаванд. Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрўз давлатҳои худкомае ҳам арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар ин амр дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор гирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷў ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.
Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрўз эҳсоси амиқи ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рў, бояд созиш, созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо пайвастан ба ифротгарӣ ва ифротгароён ба ҷомеаҳои башарӣ ранги хира намоён шавад. Ба назари мо, ин рафтор шармандагӣ дар назди наслҳои оянда аст. Талоши беҳадаф чизе нахоҳад дод, ҳаргиз ба обрўи миллӣ нахоҳад афзуд!...
Фарҳанги баландпоя роҳи бо Ватан ва Тоҷикистон будан аст. Дарки асли масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчўбаи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ боз ҳам ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…
Изҳороти мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик Аъзамов С.