Ҷавоб ба муаллифони “Нома аз даруни “фермаи ҷавоб”:
“ИН “ФЕРМА”-РО АМНИЯТ ВА ҲХДТ СОХТААНД”- иброз медорад, “муаллиф”. Бале, муҳтарам муаллифи донишмандеро, ки ба навиштаҷоти олимон эрод мегирад, ба даруни нохунак гирифтаам, зеро муаллифи танҳо хоси инсонҳо буда, ин рисолатро Худованди бузург танҳо ба одамон эҳдо намудааст. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки вожаи иқтибосииферма танҳо хоси ҳайвонот буда, инсонҳо, хосса мардуми равшанфикру соҳибқаламро дар ферма ҷамъоварӣ наменамоянд. Агар шумо назар ба қавли худатон як шахси озодихоҳ ва бетараф мебудед, аввало ҳамватанони хешро, ки шояд рӯзе яке аз онҳо пояи тобутатонро дошта, то хонаи охирататон хоҳанд бурд, ба бошандагони ферма шабоҳат намедодед. Аслан гилагузории ман хандаовар аст, зеро шумо на ин ки дигарон аввало худатонро ҳайвон эълон намудаву бошандаи ферма зикр намудаеду таъкид кардаед, ки дар фермаи ҷавоб дар шаҳри Душанбе се моҳ кор кардаед. Зеро бузургон фармудаанд; “Худро бишинос, то Худои худро бишиносӣ!”Агар фермаи ҷавобро асосан кормандони Кумиҷроияҳои ҳизби халқии демократӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил медоданду мардумибесаводибрози андеша менамуданд, бо ин қадар нафрат шумо ва шумобаринҳоро зери тозиёнаи танқид намегирифтанд. Агар шумо заррае ҳисси одамият медоштед, ё худ забони модариатонро эҳтиром менамудед,ба хотири ин қадар хайрхоҳии Пешвои миллат, ба ёди пос доштани хоку марзи падару бобоёнатон ин сарзамин ва мардумони заҳматқаринашросангборон намекардед.
Хулоса, мо мардуми равшанфикр бо шумо ва ҳаммаслакони шумо баҳсу мунозира намуданро барои хеш раво намебинем, зеро намехоҳем, ки мо низ ба монанди шумоён разилу гунаҳкор бошем, аммо ҳаминро аз хотир набароред, ки то охири умр ҷавоби нияту амалҳоятон бармегардад, аз он метарсам, ки ба гуноҳи шумо барин падарон рӯзе фарзандони бегуноҳатон ҷавоб хоҳанд дод, зеро ҷангҷӯёну фитнагарон дар ягон давру замон хушбахт нагардидаанду хуштолеъ нахоҳанд шуд!
С.Б.Ҷӯраева, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Боборҷон Ғафуров