​Изҳороти кафедраи ҳуқуқшиносӣ оид ба номаи саргушодаи Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон

Дар номаи саргушодаи худ ИлҳомЁқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он, аз ҳукумат даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад. Аммо ин болоравии арзиши нархи хизматрасонии шабакаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти беқурбшавии асъори миллӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро ҳангоми истифодаи таҳлилҳои оморӣХадамоти зиддиинҳосории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба он асос менамояд, ки солҳои охир афзоиши таварруми пули миллӣ то андозае боло рафтааст, ки ба ташкилотҳо низ бе таъсир намемонад ва бо ҳамин асос низ болоравии нархи хизматрасониҳои шабакаҳои иҷтимои талабот ва тақозои қонунҳои иқтисодӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз афзоиши баҳои хадамоти интернет мардуми тоҷик, корхона, муассиса ва заводу фабрикаҳо зараре ҳам намебинанд.

Чунки тибқи маълумот ва асосҳои мавҷудаи имрӯза зиёда як миллион муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Мо иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ