Ҷавонон бар зидди терроризм
Ҷавононти имрӯза бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва давлатдории миллӣ расанд, аз паи расидан ба ормонҳои «биҳишт»-иашон нашуда, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ бирасанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост. Ба ҷавонон шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллат қарзи онҳост. Танҳо бо ҳамин роҳ ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ расидан имкон дорад. Талқини андешаи ҳифзи истиқлол ва иттиҳоди миллӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиб дар ин ҷаҳони ноором аз ҷониби Пешвои миллат худ баёнгари он аст, ки мо ҷавононро бояд дар ин рӯҳия тарбия намоем.
Барои боло бурдани ахлоқи динӣ ва такмили ҷаҳоншиносии ҷомеа имрӯз нашри китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда шудааст.
Маълум аст, ки бо гароиш ёфтан ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷони ҷавонон аз даст меравад ва ҳам ин амр сабаби аз байн рафтани ҷони ҳазорон нафари дигар мешавад. Вазифаи ҳар инсон, ҳар фарди ҷомеа ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар аст. Ояндаи халқу кишвар бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввурнопазир аст.
Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳ иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азиз бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд…
Аз ин рӯ, пеш аз ҳама худи ҷавононро низ зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзида, бо мусоидат дар худогоҳии маънавии худро роҳеро дар масири бунёди фардои озоду обод ва орӣ аз ҳар гуна ифротгаройӣ ва асари номатлуби зуҳуроти дигар бунёд созанд.
Изҳороти олимони ҷавони кафедраи адабиёти муосири тоҷик