​Изҳороти мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими нархи хизматрасонии шабакаи Интернет бо кадом мақсад ва ҳадаф ба тавсиб расидааст, масъулон хуб медонанд. Аз ин қарор баъзе нафарони хӯрдагир норозигӣ баён мекунанду аз асли воқеа бехабаранд. Қисми зиёди аҳолӣ ин амалро мусбат арзёбӣ карда гумон доранд, ки бо ин васила дастрасии ҷавонон ва коҳиши ахлоқи онҳо аз сомонаҳои фаҳш маҳдуд мегардад. Аз ин лиҳоз, даъвати нафарони аблаҳ ба монанди Илҳом Ёқубов – ба ном раиси Ассотсиятсия муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли садои саги бедум ба гӯш мерасад. Ин махлуқ, ки тани ноқис дорад ба ҳар махлуқоти дигар мечаспаду аккос мезанад, ҳол он, ки буридани шудани думи ӯро сабаб дар рафтори худи ӯст.

Мавқеи шахсиятро дар ҷомеа худи ҷомеа муайян мекунад ва баҳо медиҳад. Ассотсиятсия муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо чи созмонест, ки ва аъзои он киҳоянд, то ҳол маълум нест. Аммо, бо ин номи баландпарвоз баъзе нафарони ватангадо ва манфур ба шаъни мардум ва роҳбарони арзандаи он мехоҳанд сангпартоӣ кунанд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки ин муғризон танҳо ба фаъолияти роҳбарияти олии Тоҷикистон эрод мегиранду кишварҳои дигари минтақаро бидуни эътибор мегиранд. Ин ҳолат ба воқеият шаҳодати он аст, ки амал ва гуфтаҳои ин гурӯҳи нобакорон фармоиш аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ ва бо маблағи онон рӯи кор меояд. Баъдан, бояд арз кард, ки то даме, ки шумораи муайян ё худ аксарияти аҳолӣ ба нафаре ё гурӯҳе ваколати пешниҳоди мавқеи худро надода бошад, ҷилавгирӣ аз он амали ноҷавонмардона ё худ хиёнаткории рӯирост ба халқ мебошад.

Коҳиши одоб ва ахлоқи ҷавонони кишвар давоми солҳои охирро ҳамаи мардум эҳсос кардаанд. Қисме аз ҷавонони имрӯза аз шабакаи Интернет ба сайтҳои гуногуни ношоиста ворид гашта бо сабаби норасогӣ дар раванди тарбия ва ташаккули худ фирефтаи ғояҳои ифротӣ ва берун аз тамаддуни волидайни худ мешаванд. Бинобар ин, гароншавии нархи хизматрасонии Интернетӣ эҳтимолан ба ин раванд мусоидати мусбиро нисбат гардонад. Ва ягон нафари алоҳида ҳуқуқ надорад, ки дар тарбияи ҷомеа ва хусусан насли наврас ба сиёсати давлатӣ эрод гирад. Бар ивази хӯрдагирӣ ӯро мебояд, ки дар самти болобардории маърифати аҳолӣ мавқеи фаъолу таъсирраси худро ифшо созад. Дар ин васила даъвати Илҳом Ёқубов – ба ном раиси Ассотсиятсия муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро маҳкум намуда ба ӯ муроҷиат менамоем, ки бештар ба тарбияи худ машғул шавад. Зеро, мардуми Тоҷикистон бо нангу номуси ватандорӣ ва тамаддуни аҷдодӣ сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати кишварро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд ва намегузоранд, ки нафарони нобакору аблаҳ ба фаъолияти он ва муносибат бо ҷомеа рахна андозанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ