​Баргузории конференсияи илмӣ ва озмуни эссеи беҳтарин

Бахшида ба ҳафтаи илм дар факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ ва озмуни эссеи беҳтарин ташкил ва гузаронида шуд.

Конференсияи илмӣ ба масъалаи “Муҳофизатаз бемории сил” бахшида шуда, иштирокдорон ҷиҳати муҳофизат ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маърӯза карда, андешаҳои судманд иброз намуданд.

Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзӯъҳои “Ҳунар беҳ аз симу зар аст” ва “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” сурат гирифта, донишҷӯёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотироавӣ қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ