​Шукрона намоем…

Шукр гўӣ,неъматат афзун шавад,

В-ар нагўӣ,аз кафат берун шавад.

Ин байт барои ҳар сокини кишвари мо бояд шиори зиндагӣ,шиори ҳамарўза бошад. Барои чӣ? Барои он ки дар як муддати кўтоҳи ҳаёт мо ба сулҳу салоҳ, фаровонӣ, ободӣ ва эҷодкорӣ,пешравиҳои зиёд ноил гаштем. На ҳар давлати дунё ба мисли Тоҷикистони мо дар муддати кўтоҳ ба чунин дастовардҳои азим ноил шудааст. Ҳамаи ин комёбию муваффақиятҳо ба мо ба туфайли роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гашт. Сабаби дуюмаш муттаҳидӣ,ваҳдати комил байни миллату халқҳои гуногун дар кишвари мо аст.Ҳама одамон,ки сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дуруст фаҳмиданду дарк кардаанд, ба мо пешравиро насиб гардонид. Аввалаш,сулҳу оромӣ, осмони софу беғубор,тинҷию осоиштагӣ барои ба даст овардани пешравиҳо сабаб гардид.

Мо дарк карда истодаем, ки дар 2-3 соли оянда пешравию ободӣ дар кишвари мо даҳчанд зиёд мегардад.Инро мо аз барномаи ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Ҳукумати кишварамон бараъло ҳис менамоем. Дар асоси ин барномаи ҳукуматӣ ҳар як вилоят,шаҳру ноҳия ва деҳаю маҳаллаҳо барномаи худро тартиб додаю онҳоро амалӣ карда истодаанд. Мо амалишавии ин барномаҳоро ҳар рўз аз ВАО шунавидаю дидаю дарк карда истодаем.Ин хабарҳои хуш,албатта,ҳар шахси ватандўсту солимақлро хушҳолу рўҳбаланд месозад.Ин боиси он мегардад,ки ҳар яки мо боз ҳам бештар меҳнат кунем, баҳри ободии давлатамон саҳмгузоргардем.

Аммо дар ҳаёт баъзан гурўҳчаҳоеро дучор меоем,ки онҳо танҳо маҳалли худро мебинанду медонанд.Ватан,кишварро танҳо дар доираи маҳалли худ мешиносанд. Ин гуна ақидаи тангу маҳдуд оқибат маҳалгароиро ба амал меорад,ки ин барои ояндаи кишвар,ояндаи ҳар яки мову шумо хавфу хатари зиёде дорад. Ватан кишвар танҳо маҳалли зисти мо нест. Ватан барои ҳар яки мо тамоми кишвари Тоҷикистон аст.

Бинобар ин мо набояд ба маҳалгароӣ дода шавему роҳ диҳем.Мегўянд-ку, «зўри мушт дар панҷ ангушт». Ҳамаи мо-халқи Тоҷикистон чун панҷ ангуштем, ки онҳо якҷоя, муттаҳид гашта, муштро ташкил медиҳанд. Биёед, ҳушёру зирак бошем,ақли солимро кор фармоему пеши роҳи маҳалгароиро гирем.Ҳоло,ки он оташи хурд аст,хомўш созем, то ин ки оянда аз он алангаи бузурге нахезад.

Биёед, ҳамдилу ҳаммаром,ҳаммақсаду ҳамфикр,ҳамтақдиру ҳамақида, ҳамватани ҳақикию дўстдори кишвари ягонаамон-Тоҷикистони биҳиштосо бошем.Ҳанўз 800 сол муқаддам адиби оламшумули мо Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) моро даъват карда буд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ