Изҳороти кулли устодони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Имрӯзҳо сафи ҳизбҳои ифротгарову иртиҷоӣ зиёд гашта, сулҳу амнияти кишварро халалдор намуда истодаанд. Ҷангҳои беамон дар баъзе кишварҳои дунё, ки оташи онҳо маҳз бо дасти чунин ҳизбу гурӯҳҳои тафриқаангез афрӯхта мешаванд, ҷони ҳазорҳо сокинони бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурда, ба сари мардуми кишварҳо бадбахтӣ ва фоҷеаҳои гӯшношунидро оварданд. Ҳамаи онҳо барои мардуми тоҷик низ сабақи ибрат буда, моро бори дигар водор месозад, ки ба қадри сулҳу субот ва тинҷиву амният расем.
Яке аз ҷабҳаҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба посдории сулҳу оромӣ дар кишвар, пешбурди иқтисодиёти мамлакат, беҳбудии сатҳу сифати зиндагонии мардум ва некӯаҳволии халқ равона карда шудааст.
Маҳз кӯшишу хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон айни ҳол яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи қитъаи Осиё ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳосову озодандеш муайян намояд.
Мо аҳли ҷомеаи омӯзгорону зиёиён маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ менамоем. Зеро, ин сиёсати пешгирифта тавонист пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирад. Моимрӯз бо қудрати қувваҳои амниятии кишварамон, ки барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда ва таъмини амну суботи миллӣ ифтихор дорем.
Устодони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров