Изҳорот барои номаи саркушодаи Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон
Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов дар номаи саркушоди худ ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуда изҳор намудааст, ки ӯ қарори афзоиши дубаробаринархи хадамоти интернетӣ дар кишварро маҳкум менамояд. Инро хиёнат ба мардум ва миллати тоҷикгӯён, номанавис шарҳ додааст ва ҳолати қаблии онро дархост намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дили аксарияти модарону падарон яъне волидайнҳои дар назди таълиму тарбияи фарзандонашон ҷавобгарӣ ҳис менамударо ёфтааст.Аксарияти волидон қиммат намудани арзиши хизматрасониҳои интернетиро мақбул медонанд. Ин қимматнамоӣ ба душманони давлати Тоҷикистон боз як дастаки сиёҳкунии Ҳокимиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошаду халос.
Дар номаи худ Илҳомҷон Ёқубов қайд мекунад, ки муҳоҷирони меҳнатии дар Россия қарор дошта, бо воситаи интернетмуошират мекарданд. Аммо ҳар як фард дар интихоб озод аст. Онҳометавонистанд дар мамлакати худ сарҳисоби зиндагиашонро дарёб намуда, ба халқу меҳани худ хизмат расонанд. Ба муҳоҷирон шарт не, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Россия хонаҳои серошёнаву, мошинҳои замонавӣ дошта бошанд.
Акнун омада омада Илҳомҷон Ёқубов барин “дилсӯзҳо” дар ҷамъият пайдо шуда, ҳамеша наҳзании халқу ватани худро ба худ касб намудаанд.
Чаро нисбати ҷиҳатҳои мусбати болоравии нархи интернет онҳо сухан намегӯянд, ки баъзеи онҳоро ман дар поён сабт мекунам.
Агар арзиши хизматрасонии интернет афзояд;
- Истифодабарандагони ҷавонону навраси интеренет ба танзим медароянд;
- Тартибу интизоми хонандагону донишҷӯён ва кулли интернетбозон ба низом медарояд;
- Сафи омӯзандагони илму дониш дар китобхонаҳои оммавӣ меафзояд ва мисоли инҳо.
Акнун чунин фикр ба сарам омада истодааст, ки ҷавонон ва аксари ба Руссия барои фаъолияти корӣрафтагон барои интернету вайбербозӣ нарафтаанд, ки инро ҳам дар номаашон муаллиф изҳор кардааст.
Вақте, ки бо ягон хешу ақрабо ва шиносу дугонаҳо ба Россия сӯҳбат менамоем, ҳамаи навигариҳои мамлакату оиларо аз онҳо мешунавем. Чунон ҳисоботҳои тӯҳматангезу дилсиёҳкунандаро хешон ба ҳамдигар аз хориҷ ба Ватан ва аз Ватан ба хориҷ маълумот мерасонанд, ки шунаванда ангушти ҳайрат мегазад ва мегӯяд наход тоҷикон ба маданияти баланди худ падруд гуфта истода бо ким кадом интернетбозиҳо ба дасисабозиҳо машғуланд.Масалан; ки мурд, ки зинда, ки чӣ кор кард, ки чӣ хӯрд, ки чӣ хел тӯй кард, кӣ чӣ хел азодорӣ кард, ки ба ки хиёнат кард, зани ки бо шавҳари кӣ, фарзанди кӣ дар куҷо, хуллас ҳамаи навигариҳои деҳоту шаҳрро аз Тоҷикистон дур истиқомат доштагон медонанд.
Боз илова менамоям, ки вайбер барин хабарбиёру хабарбарҳоро аксарияти мардум бо таври манфӣ истифода мебаранд. Масалан ҳозир чӣ истеъмол менамоӣ бо сураташ, кадом либос мепӯшӣ ва онро пӯшидаӣ, кадом куртаро дар мағоза интихоб намудӣ бо арзишаш. Ин гуфтаҳо низ бодаъвоанд. Дар бораи маълумотдиҳӣ дар бораи касе ва ё шахсе (характеристика бо айбу иллатмониҳо ба рафтору кирдори якдигар), суханҳои бепардаву жаргонӣ ба якдигар нисбати худ ва ё шахси дигар, рӯи дастурхонҳои ҳамдигар бо муқоисаҳои дигар дастурхонҳои ороста ва мисли инҳо, ки барои навиштан қудрати қаламам намерасад ва қаламам аз навиштани ин суханҳо шарм медорад.
Боз як чизро илова карданиам, ки домоду келинкобӣ ба воситаи интернет хеле мӯд шудааст. Духтарони қадрасро бо маълумотномаҳоашон ва ҷавононро бо хислатҳоашон ба интернету шарики вай вайбер мепартоянд.
Суратҳои нолозими интернет ба асаби одамон таъсири манфирасонанда, клипҳои бемаънӣ бо тугмачапахшкуниҳои “ОК” ба маданияти тоҷикон намезебад. “ОК”-ҳои ноҷоя ба иззати нафси ҳамдигар мерасад ва хонавайрониҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо дар ҷамъият зиёд мешавад.
Вале арзиши баландро дар интернет ҷорӣ намудани Ҳукумати ҶТ ба душманони оромии кишвар танҳо баҳона асту халос.
Мо омӯзгорон тарафдори Ҳукумати ҶТ мебошем ва донишандӯзони худро раводор месозем ба китобхонаи электронии Донишгоҳ ворид гардида вақти худро яъне нури чашми худро на барои чизҳои нолозим, балки барои худи онҳо ва ба ҷамъияти муосир лозим сарф намоянд.
Азимова С.Р.–н.и.ф., сармуаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ