​Изҳороти сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Бобоев А.А.

Баъди барҳамхӯрдани Итифоқи Шӯравӣ дар тамоми давлатҳои итифоқи тағийротҳои кулли оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистоназ ҳайати иттифоқи шӯравӣ баромада соҳибихтиёрии худро эълон кард. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр эълон гардида ба бунёди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд дунявӣ оғоз намуд.

Баъди соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оқибатҳои вазнин рӯйбарӯ шуд. Оқибатҳо ҳам сиёсӣ ҳам иқтисодӣ буд. Яке аз ин ҳодисаҳо ҷанги гражданӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷангибародаркушӣ ворид гардид ва ин ҷанг ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зарари калон расонид.

Дар рафти ҷанги шаҳвандӣ сохтори давлатӣ суст карда шуда тамоми сохторҳои давлати вайрон ва сохторҳои иқтисодии ҷумҳурӣ талаву тороҷ карда шуд. Мансабталошии афроди ношоистае, дар оғози ташаккули давлати навини тоҷик боиси чандин сол қафо мондани Тоҷикистон сабаб гардид, ки баъд онҳо ҳамчун хиёнаткорони асосии давлату миллати тоҷик шинохта шуданд. Мансабталошон дар ҷумҳури ба худ ҳаргуна ниқобҳоро дар бар намуда халқи азияткашидаро ба ҳар тараф мекашиданд.

Яке аз ин гурӯҳи мансабталошон дини мубини исломро ба худ ниқоб намуда ҲНИ ташкил намуданд. Ин гурӯҳ аз вазъияти мусоид барои худ истифода намуда ба худ шаҳрвандони ҷумҳуриро ҷалб намуданд.

Бо гузашти муҳлати муайн таърих ба ин гурӯҳи мансабталошон, баҳо дод, ки ин ҲНИ чигуна ташкилот буда мақсади чиро дошт. Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти терористӣ ва экстремистӣ эълон карда шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кунандаи ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар вафот карда зиёда аз 10 млрд долари амрикоӣ ба иқтисодиёти кишвар расонида шудааст. ТТЭ ҲНИ то ҳол ба дасисабозию иғвогарии худро давом дода истода пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида наметавонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ