​8 усули террористон дар шабакаҳои интернетӣ

Дар марҳилаи кунунӣ ҳашт усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян карда шудааст:

Ҷанги равонӣ – дар интернет барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад.

Реклама ва таблиғот – интернет имконияти террористонро барои ошкор ва таблиғ кардани фаъолияти худ тавсеа дод. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо аз ҷалби таваҷҷуҳи телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд.

Ҷамъоварии маълумот – интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ «ҷолиб» аст. Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳо – масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурӯдгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд.

Ҷамъоварии маблағ – мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд.

Ҷалб ва сафарбаркунӣ– интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ бозӣ мекунанд, истифода мебаранд.

Таъсиси шабакаҳо – бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки интернет имконият пайдо кардаанд бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.

Ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки ин 8 усул барои густариши ифротгароии иттилоотӣ, ки чун падидаи нопоки нави технологӣ эътироф гаштааст, ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ