Мавқеи шаҳрвандист на “фермаи ҷавоб”
Чанд моҳи охир дар расонаҳои ахбори умум аз тарафи намояндагони мухолифини тоҷик, ки дар Аврупо қарор доранд, нисбати ҷавобҳое, ки ба ин ё он фикри онҳо гуфта мешавад, аксуламал аз тарафи сокинони кишвар ба кирдорҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад онро аввал “фабрикаи ҷавоб” ва баъдан “фермаи ҷавоб” гуфтанд.
Мухолифин исбот карданӣ мешаванд, ки ин ҷавобҳо фармоишӣ ва ё худ супориши мақомоти амнияту дигару дигарҳо ҳастанд. Фарз кардем, ки ҳамаи ин дуруст аст, аммо бо вуҷуди супоришҳо ва ё ин ё они дигар шаҳрвандони кишвар ҳам ҳуқуқ доранд, ки нисбати ин масъалаҳо афкори худро баён кунанд. Ҷавонони кунунӣ ҷавонони асри куҳан нестанд, ки таҳти таъсири рукуд бошанд, дар байни онҳо ҳазорҳо нафароне ҳастанд, ки фикри озод ва қалами озод дошта, андешаҳояшонро рӯи саҳфаҳои интернет меоранд ва ин корро онҳо ба амри виҷдон ба ҷо меоранд. Дар ин маврид принсипҳои демократӣ ва озодии баён комилан риоя мегардад.
Дигар аз масъалаҳое, ки онҳо мегӯянд, гӯиё он ҷавобҳо фармоишӣ ҳастанду дар сари ба истилоҳ “фермаи ҷавоб” намояндагони амният ва ё кормандони МИҲД-ҳо ва ё ҲХДТ қарор доранд, дар шароити набардҳои иттилоотӣ амри муқаррарӣ аст. Чӣ бадӣ дорад агар намояндагони сохторҳои номбурда доир ба ин ё он масъала фикрашонро баён кунанд?
Дигар ҳар ҷавобе, ки дар расонаҳо нашр мешаванд, муаллифони худро доранд ва ин худ маънои онро дорад, ки онро худи муаллиф мустақилона таълиф кардааст. Аз ин рӯ, онро ба ферма ва ё дигар чиз нисбат додан мумкин нест. Онро ҳамчун мавқеи шаҳрвандӣ фаҳмидан лозим аст.
Дар мавриди дашномнависӣ нисбати намояндагони мухолифин саволе дигар аст. Оё худи онҳо дашноманависӣ намекунанд? "Ба кӯҳ овози хуш деҳ то хуш ояд". Онҳо дашном медиҳанд, дашном мешунаванд, ин кори воқеӣ аст? Аслан ҳарду ҷониб ҳам дар дашноми ҳамдигар ба ҳадди ифрот расидаанд, ки ин кор обрӯи тоҷикро, ки ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибахлоқ аст, паст мекунад.
И. Раҳимов, устоди ДДХ