Риёкор – дӯсти шайтон ё худ қаллоби рӯирост
Мардуми тоҷик давоми даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон борҳо шоҳид гардиданд, ки аъзои Ҳизби Наҳзат хоини Ватани маҳбубамон буда бо дастури хоҷагони хориҷӣ амал менамояд ва иҷрочиёни беҳунари нақшаҳои дасисабозон мебошанд. Амалҳои ношоистаи ин нафарони ифротиро дар мисоли ҳамла ба гурӯҳи сайёҳон, кӯшиш ба табаддулоти давлатӣ ва ғайра огаҳӣ ёфтаем ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин шахсиятҳо нафрат мехонанд. Аз васоити ахбори омма бохабар гаштем, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ, ки мардуми бофарҳанг бо ҳамдигар ниятҳои некро иброз медоранд, баъзе нохалафони дурӯя ҳамин айёми муборакро низ бо рафтору гуфторҳои бадбӯяшон халалдор менамояд. Ба бӯқаламун қиёс додани роҳбари ташкилоти террористиюэкстремистии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода хеле бамаврид ва воқеиёна аст. Хусусан, ашхосе, ки чун ватангадо дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва ба Ватани аҷдодии худ ғарази шахсӣ дорад, қодир аст, ки барои манфиати худ ҳамаи дороиашро, ҳатто оилаи худ, Ватану миллат ва аҷдоди худро фурӯшад ва ӯ инсони дарбадари кӯчагиро мемонад. Ин чоплусу тамаллуқкор бо номи Муҳиддин Кабирӣ аллакай ихтиёри худ гум кардааст, аз ҷашну айёмҳои аҷдодӣ бехабар аст ва танҳо ҳамчун “робот” – и дастомӯз фикру ақидаҳои хоҷагони худро хоҳу нохоҳ ба нашр мерасонад.
Мардуми соҳибтамаддуни Тоҷикистони биҳиштосо аз ин нохалафи риёкор ва хиёнатпеша кайҳо дилу дида шустаанд ва танҳо баъзе нафарон ба ӯ раҳмдилиро зарур медонанд. Лекин, аксарияти ҷомеа ба ин нафари муғриз нафратдорандуҳатто ба забон гирифтани номи ӯро шоиста намедонанд. Халқи Тоҷикистон неку бадро аз ҳам хуб фарқ мекунад ва имрӯзҳо дар атрофи Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гаштаву сулҳу субот ва якпорчагии Ватанро, ки тавассути мавқеи мардонаи роҳбарияти олии кишвар ба даст омадааст, шукрона мегӯянд.
Собиров М.С., мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология
Дадобоев М.А., сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълим