Семинари таълимӣ-методӣ: «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ»

Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи маориф, фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, беҳдошти сифати таълим ва тайёр намудани кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бо иқдоми Раёсати таълими донишгоҳсанаи 05.02.2018 дар бинои таълимии № 2, утоқи 314, факултети забонҳои хориҷӣ семинари таълимӣ-методӣ таҳти унвони «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабуров Х.М. оғоз намуда, аз ҳадафи ташкил намудани мизи мудаввар ҳарф зад ва зикр намуд, ки барои беҳдошти сифати таълим чунин семинар-машварати таълимӣ-методӣ ба тариқи сайёр дар дигар факултетҳо низ роҳандозӣ мегардад.

Директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ профессор Шавкат Шаропов мақсад ва вазифаҳои семинари таълимӣ-методии «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ»-ро шарҳу возеҳ дода, қайд намуд, қи мақсади асосии ташкили ин гуна семинарҳо дарёфти роҳу усулҳои нав дар раванди таълим мебошад. Семинар машварати мазкур майдони методӣ аст, ки самаранокии он барои беҳтар гаштани раванди таълим дар донишгоҳ ва тарбияи мутахассион сабаб мешавад.

Инчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ходими калони илмии Институт Алиҷон Бойматов оид ба мавзуи «Муаммо ва дурнамои методикаи таълими фанҳои тахассусӣ ва нақши он дар омода намудани омӯзгорони оянда» маърӯза намуда, қайд намуд, ки омӯзгорон аз усули шарҳӣ-баёнӣ даст кашида, ба усули салоҳиятнокӣ, ки дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯёнро баланд мегардонад ворид шаванд ва аз замона оқиб намонанд. Масъулини семинар диққати иштирокчиёнро даъват ба он намуд, ки дар ин мизи мудаввар мо бештар ба ҷамъ намудани таҷрибаи педагогӣ, яъне омӯхтан, омӯзиш, таҳлил ва такмили баланд бардоштани касбии омӯзгоронро нуктаи асосӣ ҳисобида, ҳама якҷоя баррасӣ, муҳокима ва дархосту пешниҳодҳои муфидро пешниҳод намоем.

Вобаста ба ин нақшаи семинари доимоамалкунандаи таълимӣ-методӣ «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ» назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ бо якчанд таклифу пешниҳодҳо муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Аз ҷониби коршиносон ҷиҳати беҳтар ва пурмасъултар гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён меъёрҳои баҳодиҳӣ барои муайян намудани «Таҷрибаомӯзӣ бо маҳорат» дар байни донишҷӯёни курси 3 ва 4 ихтисосҳои омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмун пешкаш карда шуд, ки дар як соли таҳсил ду маротиба дар давраи таҷрибаомӯзӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар ин иқдом масъулони Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки шумораи навбатии маҷаллаи таълимӣ-методии «Раҳнамои омӯзгор»-ро нашр намоянд. Омӯзгоронро ба навиштани мақолаҳои таълимӣ-методӣ бо истифода аз усулҳои фаъолу навгаро даъват карда, бо мактуби иттилоотӣ шинос намуданд, ки мӯҳлати қабули он то санаи 25-феврали соли ҷорӣ муқаррар шудааст.

Иштирокчиён семинари баргузоршударо хуб истиқбол намуда, озодона фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ