​Изҳороти устодони факултети педагогӣоид ба «Пешниҳоди таъсиси ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ! Мутаассифона шуморо шахсан намешиносем ва ё ягон маротиба ба таври зиндаовозатонро нашунидаем, вале навиштаву маърўзаҳои шуморо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему ростӣ баъди қироати гуфтаҳои шумоба дунё андеша ғўтавар гардида, намедонем шуморо ба чӣ ташбеҳ намоем.Дар кўдакӣ аз бибиҳоямон афсонаҳои деву аҷина мешунидему аз ҳарос хобамон мебурд ва имрўзҳо деву аҷинаро дар симои щумо ва ҳамсафони шумо дида истодаем. Наход инсон то ин дараҷа ботинан сиёҳу ақлан носолим бошад. Шумо худро донандаи таърих, дину диёнат медонед, чаро ин қадар сафсата мехонед. Охирин андешаҳои шуморо оид ба таъсис додани ҷоиза ба номи адвокат Файзинисо Воҳидоваро хонда хеле ба тааҷҷуб афтодем. Охир ин зани ба қавли шумо«зани шуҷоъ»барои кадом корнамоиашшоистаиин қадар шарафу қадрдонӣ.Шояд барои сафедро сиёх гуфтанҳояш. (барои ҳамин мегўед, ки инсони ғайриоддӣ буд). Бо кадом ҷуръат шумоёнба вафоти як зани бароимардум ношиносмақомоти дахлдорро айбдор меҳисобед, шумоён«мусулмонони асил» маргро амриХудонамеҳисобедмагар?

Агарсаҳифаҳои пур азнабарди миллати тоҷикроназар андозед, корнамоивуқахрамониҳои занҳои тоҷик боиси газидани ангушти ҳайратишумо барин «мардон» мегардад. Барои маълумоти шуморасонидаем, ягон нафари онҳо даъвоиҷоизавумукофот накардаанд.

Баробари шунидани номҳои занони номвару меҳнатдўст Мастура Авезова, Соро Юсупова, Ойгул Муҳаммадҷонова, Махфират Каримова, Низорамо Зарипова, Мамлакат Наҳангова, Мухиба Ёқубова,Ойнихол Бобоназарова, Суфро Боқиева, Энаҷон Бойматовава садҳо дигарон,ки шаънушарафи зани Шарқро ҳифз намуда, нони фарзандони худро бо меҳнати ҳалол ёфта буданд, ҳисси ватандўстии ҷавонон, бахусус ҷавонзанон ба маротиб боло мегардад.

Гап дар сари таъсис додан ва ё надодани ҷоизаҳо невусаволе моро ба ташвиш меорад, кикиҳо сазовори чунин «ҷоиза»-ҳо мешаванд. Занҳои шуҷоъ гуфташумоёнкиро дар назар доред (ононе, ки дар Сурия, Туркияқарор доранду маданияти бегонаро бо ҷону дил қабул намудаанд ваё дар қатори шумоёнчунин занҳониз фаъолият доранд, ё барои ҳамсарони худ) ҷоизасупорӣмекунед. Аламоварашбоз ин самти фаъолияти шумо, ки чаро дар хориҷа истода сухан мегўед?Агараз ростии андешаҳои худ гумон надошта бошед, биёед ба ватани худ(он қадарэҳтиёҷҳам нест…) ҷоизаву унвонҳоро ҳамин ҷо таъсис диҳед. Шояд ба хотир овардан он қадар ҷоиз набошад, лекин такрор модари дониш аст: «Инсон унвонро зебандааст, на унвон зебандаи инсон».Касе ки мисли шумоён дунболи шўҳратмедаванд, гирифтори рўзҳои сиёҳи шумоён мешавад…..

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ