​Дарёфти камолоти инсонӣ

Дар даҳсолаҳои охир, ки Ватани ҷоноҷонамон истиқлолияти сиёсиро ба даст овардаастинмақсад ва мароми Ҳукумати кишвар ба он равона гардидаст, то ин ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз он, ки дар чунин муҳити сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ доранд тарбия намудан мебошад. Аз ҳам лиҳоз Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ бо намояндагони ҷавонони мамлакат ба онҳо чунин муроҷиат намудаанд: “Шумо-ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои муттамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург ба дӯш доред”. Вобаста ба ин ҷавонони ватан бояд пеш аз ҳама аз падидаҳои ташвишовари муосир ба монанди терроризми байналхалқӣ, экстримализм ва радикализм, ки ба муҳити сулҳу осоиштагии давлати ҳуқуқбунёдиТоҷикистони мо таҳдид менамояд худдорӣ намояд.

Яке аз мушкилии асосӣ дар он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи шахсии инсон таъсирӣ бисёр ҷиддӣ мерасоанд, ки барои ин мисол шуда метавонад ҲНИ, ки солҳои охир роҳбарии инро Муҳиддин Кабирӣ бар дӯш дошт ва бо супориши хоҷагони худ кӯшиш ба харҷ медиҳад то ба рӯҳияи ҷавонон таъсир намуда, ҷавонони миллати тоҷикро гумроҳ намуда бо ҳамин роҳ ва мақсади ғаразноки худ ноил гардад.

Ҳатто устод С.Айнӣ, ки дар аввалҳои асри ХХ худ шоҳиди чӣ гуна созмон гирифтани гурӯҳҳои мухталиф гардида буд вобаста ба ин мавзӯъ фикру андешаи худро дар якчанд мақолаҳои худ иброз доштааст. Имрӯзҳо низ боиси таасуф аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохта истодааст ва ин масъала ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ мерасонад.

Дар ин раванд бояд барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонони кишварамон ба созмонҳо ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣмоён – зиёиён бояд онҳоро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намуданкӯшиш ба харҷ диҳем, зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бе идӣ ва штироки ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.

Сармуаллима Шамсиева А.Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ