​Бадхоҳи миллат ҳеҷ ба мақсад нарасад....

Таърих собит намудааст, ки дар ҳама давру замон барои баҳогузорӣ ба ин ё он ҳаводис, падида, зуҳурот ва анбӯҳи фаъолияту кору пайкор халқ беҳтарин довар буд ва мемонад. Дар ин авохир изҳороти расмии сардабири Akhbor.com-ро, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм бархӯрд мутолиа намуда, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки бо вуҷуди он ки Мирзо Салимпур собиқаи корӣ дар соҳаи журналистика дорад, ҳамоно присипҳои журналистикаро намедонад ва ё донад ҳам қасдан ва ғаразмандона риоя намекунад. Далел ин ки фисади зиёди маводи ӯ хусусияти низоъбарангезанда доранд. Аз ин лиҳоз маълум аст, ки аслан барои Мирзо Салимпур Тоҷикистон ва манофи миллӣ “як тин” арзише надорад. Чун ӯ ба манфиатҳои шахсии худ ғӯтавар шуда, дигар ҳама чиз ба пеши чашмаш хира метобад. Суоли гиреҳкушо дар ин масъала чунин аст. Аслан сомонаиAkhbor.com-ро, ки ба гуфтаи М.Салимпур донорҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мекунанд, фаъолияти ин оҷонсии иттилоотӣ барои донорҳо чӣ аҳамият дорад? Магар донорҳои хориҷї онқадар саховатманданд, ки грантҳои ҳангуфт барои фаъолияти як сомонаи кӯчак дар Осиёи Марказӣ ҷудо кунанд? Агар саховатмандии онҳо барои кӯмак ба фақирону беморон мебуд, пас нисфи аҳолии қитъаи Африқо, ки пайваста аз гуруснагӣ азият мекашанду ҳамасола милионҳо кӯдакон бағояти гуруснагӣ мефавтанд, кори савобе мешуд. Пас чаро он “сарпарастгни саховатманд”- и М. Салимпур маблағгузорӣ ба як сомонаи фитнабарангезро аз дастгирии мардуми фақири сайёра афзал мешуморанд?

На инҷо аслан гап сари дигар чиз аст. Донорҳои хориҷӣ аз он манфиатдор ҳастанд, ки дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои муҳим нақши калидӣ доранд, нооромӣ ва муноқишаву ихтилофот шавад. Бо дарназардошти он, ки ВАО яроқи тавоно аст, сарпарастони муғризмақсад ВАО-ро хеле моҳирона ба хотири ноором сохтани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар ин ё он минтақа истифода мекунанд ва фурӯхташудагоне амсоли Мирзо Салимпур ба хотири маблағ ва манфиатҳои дигари шахсӣ ҳатто хоки сарзамине, ки хуни нофаш рехтааст, ба кунҷи фаромӯшї мепартоянд.

М. Салимпур дар изҳороти расмияш аз чанд тан фаъолони ҷомеаи шаҳравандиикишвар шикоят кардааст, ки гӯё ӯро зиёд интиқод мекунанд. Мо дар аввал гуфтем, онҳо намояндагоназ қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд. Онҳо алакай пай бурдаанд, ки М. Салимпур бадхоҳи миллати тоҷик аст. Ва агар на барои чӣ пайваста аз манфиатҳои хоинони миллат чун намояндагони Паймони зиддимиллӣ менависад ва масъаларо якҷониба баҳогузорӣ мекунад? Аслан рафтори М. Салимпур равшан кард, ки ӯ яке аз ҳамтабақони М. Кабирӣ аст ва ин ҷои шаку шубња нест. Агар не барои чӣ омада дар Тоҷикистон фаъолият намебарад? Дар ҳоле ки дар ҷои асли воқеа буда, ҳар як масъаларо объективона баррасӣ ва инъикос кардан, барои таъмини касбияти муаллиф ва пурмаҳсулии мӯҳтавои маводи он мусоидат мекунад.

Мо ҳайати кормандони китобхонаи марказии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” фаъолияти сомонаи Akhbor.com ва сардабири он М. Салимпурро хилофи манфиатҳои миллӣ мешуморем ва маҳкум менамоем. М. Салимпур зархариди донорҳои фитнабарагези хавориҷ аст.

Изҳороти кормандони китобхонаи марказии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ