​Босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ

Босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, дар гирди он ҳанӯз ҳам андешаҳои гуногун ҷой дорад. Босмачиҳоро ҳамчун роҳзану ғоратгар ва ҳуҷумкунанда мешиносанд.

Босмачиёни замони муосир –дастаи террористону экстремистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мебошанд. Босмачиён барои расидани ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ кори бад даст намекашанд. Ҳадафи асосии онҳо пора кардан ва ҷанги мазҳабиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардан буда, Кабирӣ ва дастаи ӯ мехоҳанд босмачигариро аз нав зинда гардонанд.

Нишонаҳои босмачигариро мо дар кору рафтори террористону экстремистони ҳозира дучор мешавем, зеро фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое мебошанд, ки барои иҷрои як қатор мақсадҳои ғаразнок равона карда мешаванд. Инҳо ба монанди: ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон; зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ғасб ё азонихудкунии салоҳияти ваколатҳои ҳокимият; ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ; амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ; ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст; паст задани шаъни миллӣ; ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва вандализм бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё хусумат нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ; ташвиқоти ягона бурдан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон аз рӯи хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо; даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда; маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ ба ҳисобмераванд.

Таҳти мафҳуми иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) – гурӯҳи муташаккил фаҳмида мешавад, ки қаблан барои тайёр ё содир кардани як ё якчанд ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта муттаҳид гардида, бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва фароҳамоварии шароит барои расидан ба ҳадафҳои ҷиноятпешаи хусусияти экстремистӣ дошта равона гардидаанд.

Ин аст, ки босмачиёни замони муосир бо роҳбари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ душмани рушду инкишофи миллат ба ҳисоб мераванд.

Бобоҷонова Ш.У.-Сармуаллимаи факултети Санъати тасвирӣ ва технология,


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ