​​ҲНИ хиёнаткор буду ҳаст

Дар шароити кунуниии ҷаҳони муосир имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро фаъолият бурда, ҳадафашон нооромсозии вазъи давлатҳо, ноосоиштагии мардум аст. Решаи фаъолияти гурӯҳи бадкирдори ҲНИ низ ба ҳамин мақсад рафта мерасад. Зеро ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш то ин дам ягон кори некеро барои мардум накардааст ва дар оянда низ нахоҳад кард. Роҳбарони ин ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият интизори амру фармоиши хоҷагони хориҷии хеш буданду ҳастанд. Агар ин тавр намебуд баъд аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 баъд аз бахшидани он гуноҳҳои бахшиданашавандаи солҳои 90-уми аъзоёниин ҳизб аз тарафи давлат боз даст ба фитнаву фиребу корҳои разил намезаданд. Дар давраи мавҷудияти ин ҳизб мардуми диёрамон ягон нафъ надиданд, ба ғайр аз хиёнат. Ҳол он ки ин ҳизб аҳдофи худро дар асоси эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта ва босубот бар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ тавсиф мекард.

Гарчанд ҳоло дар ким-кадом гӯшаи дунё нишаст, бо дастнигаронӣ ба хоҷагонашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаҳо бароварда, мехоҳанд, сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилии мардуми тоҷикро халалдор намоянд, имрӯз мардуми кишвари мо ба дасисаҳои онон эътимод надорад. Зеро, мардуми бохиради тоҷик дигар фирефтаи ин гуна ҳизби хиёнаткору роҳбарони хоҷадор нахоҳад шуд.

Кафедраи забони англисии факултети забонхои шарк

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ