Зарба ба ваҳдати миллӣ барои мансаб
Гурӯҳҳои мухолифини сулҳи Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият дар рўзи барои мардуми кишвар воқеан таърихӣ, бадастоварии истиқлолияти давлатӣ, баҳри зарба задан ба ҳукумати амалӣ ва зери хатар гузоштани истиқлолияти сиёсӣ санаи 9-уми сентябри соли 2018 муттаҳидаи навро ташкил намуданд. Ин муттаҳида таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон» тамоми симоҳои экстремистӣ-террористии шинохтаи тоҷикро, ки байни мардум ба хоинӣ, ватанфурушӣ, авомфиребӣ маъруф гаштаанд, барои ба ваҳдати тоҷикон зарба задан ҷамъ намуд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ –раиси ТЭТ Ҳизби хоинони наҳзат роҳбари ПМТ Алим Шерзамонов – роҳбари минбари тафриқасозони тоҷик, имрӯз муовини раиси ПМТ, Равшан Темуриён - машваратчии созмон, Темур Варқӣ – роҳбари департаменти иттилоот ва расонаҳо, Шарофиддин Гадоев ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон –директори департаменти иқтисод, Маҳмудҷон Файзраҳмонов – директори департаменти байналмиллалӣ, Мавҷуда Сохибназарова – директори департаменти иҷтимоиёт ва фарҳанг, Илҳомҷон Ёқубов - директори департаменти муҳоҷират таъин карда шуданд.
Агар фаъолияти шахсиятҳои мазкурро дар кишвар таҳлил намоем маълум мегардад, ки ба ҷуз суиистифода аз мансаб дигар чизе нест. Ягон манфиаташон ба халқу давлат нарасидааст. Ҳатто масъулиятнокӣ дар фаъолияти онҳо дида намешуд. Шояд маҳз бесаводӣ, ноуҳдабароии онҳо буд, ки имрӯз дар роҳи мансабталошӣ зарба ба ваҳдати миллӣ мезананд.
Муттаҳид шудани гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки минбаъд мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ шиддат мегирад. Хусусан, дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботҳо оппозитсияи дохилӣ бо роҳи қонунӣ ва хоинони бурунмарзӣ бо роҳи ғайриқонунӣ барои сиёҳ кардани ҳукумати имрӯза камари ҳиммат мебанданд. Мақсад аз зикри чунин матлабҳо дар он аст, ки мардуми солимфикри тоҷикистонӣ набояд имрӯз зиракии сиёсиро аз даст дода, ба доми разилону мансабхоҳон кашида шаванд. Бигзор фазои кишвари азизамонро осмони софу беғубор иҳота намояд. Дарҳои диёри биҳиштосоямон барои ҳомиёни сулҳу ваҳдат доимо боз бошаду қадами косифи разилон-хизматгорони хоҷагони хориҷӣ бар хоки ватанамон нарасад. Интихоботҳои дарпешистода дар асоси рақобати қонуниву пуршиддати манфиатовар ба ояндаи ободи Тоҷикистон кадрҳои воқеан масъулиятноку арзанда, адолатпарвару ибратбахш ҳамранги Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмонро ба сари ҳокимият оварад.
Комилова Зилола
омӯзгори кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ