​Ҷавоби қотеъонаи бародари хурдӣ

Мо ба ҷавоби Илҳом Салимов – бародари Мирзои Салимпуршинос шудем. Ин ҷавобия гувоҳӣ аз он медиҳад, ки на танҳо бародари ҳамтану ҳамхун аз Мирзо дилсарду безор аст, балки тамоми хешу табор низ. Охир, бародар бародар аст. Чӣ хеле ки халқ мегӯяд, онҳо гӯшту нохун, дилу ҷигар бояд бошанд. Аммо афсӯс, ки ин тавр нест: ба ҳамаи ин дилхунукиҳо, оқкуниҳо рафтори нодурусту ноҷояи Мирзои Салимпур сабаб шудааст. Мирзои Салимпур Ватанашро тарк кард, ба миллату авлоди худ иснод овард. Фирефтаи хоҷагони хориҷии «худ» гашт, ҳамаи ин барои пулу чиз, обрӯи сохтаю беасос аст. Агар дигар шахсон ин тавр гӯянд мешуд, аммо бародари ҳамхуну ҳамтанаш, ки виҷдони поку орияти ватандорӣ дорад, ин корро кард.

Сабаб чӣ аст? Сабаб он аст, ки Илҳом нисбат ба дигароназ макру фиреб, дурӯғгӯию дасисабозии Мирзо бештар огоҳ аст. Ин ҷавоби Илҳом ҷазои сазовор ба Мирзои Салимпур аст. Охир, радди маърака шудан аз ин ҳам бадтар намешавад. Вай ҳатто Мирзоро на «Салимпур», балки «Салимпул» мегӯяд. Ана, ҳамин калимаи «Салимпул» онро нишон медиҳад, ки Мирзо барин шахсон барои пулу чиз, мол виҷдон, шараф, номус, ватану миллати худро мефурӯшанд. Ал - ҳазар аз ин гуна одамсуратону шайдонсиратон. Илҳом таъкид мекунад, ки Мирзо ба авлоди Салимовҳо ягон хушбахтӣ, номи нек наовардааст, ғайр аз сархамию забон кӯтоҳӣ.

Мо ҷасорати Илҳом Салимовро тарафдорӣ намуда, аз Мирзои Салимпур ва рафтори ӯ ҳазар мекунем ва мегӯем, ки рафтори Мирзо барин шахсони гумроҳ барои насли ҷавон ва ояндагон ибрат бошад, ки мардумтамоми рафтори онҳоро маҳкум карда, дар ҳаққашон нафрати беохир баён мекунанд...

Зебо Абдуллоева, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ