​Ашхоси иғвогару ҷангҷӯ

Барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум гашт, ки рӯзноманигори иғвогару ҷангҷӯ Мирзо Салимпур дар маҷҷаллаҳои ба русӣ “жёлтая пресса” - шаҳри Прага фаъолият мекунад. Мақсади ӯ шӯрангезӣ, дунёситезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, таблиғи бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарварӣ , бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ, ба таври маҷбурӣ тағйир додани ақидаи мардум, ҷонибдорӣ кардани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташвиқи фавқулоддагӣ, афзалият ё камарзишии инсон аз рӯи нишонаҳои иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ, динӣ, мансубияти забонӣ ва муносибат ба дин, эътироф накардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибат бо мансубияти иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ, забонӣ ва динӣ ва ғ.

Ҷомеаи мо ба чунин ашхосе, ки мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят мекунад ниёз надорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин ашхосро «хоҷагонашон» чун лӯъбатаке бозӣ медоронанду бо ваъдаҳои пуч доманашонро пур мекунанд ва як умр дар сарсониву беватанӣ ва дар олами орзуҳои ширини амалинашавандаашон саргардон менамоянд. Аз ин лиҳоз, моён набояд ба ҳамаи ин туҳматҳои подарҳаво, саропо дурӯғ ва бесоси чунин ашхоси иғвогар - “рӯзноманигор” бовар намуда, фирефтаи мақолаҳои беасоси ӯ шавем.

Изҳороти дотсенти кафедраи

умумидонишгоҳии информатика Юсупова Фирӯза

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ