Оташи чангҳои ифротгароёнро хомӯш бояд кард
Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи чангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз сокиноникишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин акида маҳз хатогӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд.
Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шахрвандон ахамияти бағоят муҳимро касб менамояд.
Вазъияти ногувори амният тақозо менамояд, ки моҷаҳониён сади роҳи амалӣ шудани нақшаву ниятҳои гурӯҳҳои ифротгароию терористӣ ниятҳои онҳо шавем ва хамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем
Кафедраи географияи
иқтисодӣ ва демография