​Маърифати вазъи сиёсии ҷомеа аз назари илм

Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов таҳти унвони“Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ”, ки тавассути расонаҳои иттилоотии кишвар интишор гардид аз як тараф натиҷаи омӯзиши амиқи вазъияти амнияти кишвардар шароити имрӯзаи ҷаҳони ноором бошад аз ҷониби дигар он як дастуру раҳнамо ба афроди зиёиву аҳли илм аст,ки то бештар тавонанд дар ҷодаи таъмини амният ва тинҷиву осоиштагии Ватан кореро ба анҷом расонанд. Муаллифдар заминаи воқеияти таърихӣ ва назарияи олимони маъруфи олам оид ба мафҳумоти “амният”, “давлат”,изҳори назар карда дуруст зикр мекунад, китаҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеа дар назар дошта мешавад ва мухимтарин вазифаи давлат амнияти худ ва ҷомеа мебошад. Дар ин маврид муаллиф барои хонанда мафҳуми ҳуқуқии “давлат”-ро, аз назари илмӣ тавзеҳ медиҳад, аз аносири он, ки миллату миллатҳо мебошанд ва нишонаҳои асосии он сухан мекунад. Муаллиф иброз медорад, ки давлат аз лиҳози назариявӣ ва илмӣ арзи вуҷуд намуда, таърихи он таърихи амният мебошад.Яъне ин ҷо сухан дар бораи моҳияти давлат меравад ва аз назари илмӣ мавҷудият ва рисолати онро маънидод мекунад. Ҷолиб аст, ки муаллифи мақола ба ҳалли масъала аз назари ҳам илм ва ҳам таърих наздикӣ ҷуста, мехоҳад барои хонанда муҳимтарин донишҳо ва ҳақиқатҳоро манзур созад, ки бе донистани он наметавон ба маърифат ва дарки масъала даррасем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон муракабии ҳолат барои ҳар як нафар фарди ҳушманд маълум аст вале чи гуна ба масоили аслӣ яъне таъмини амнияти кишвар,шахс ва давлат муносибат намудан,кадом роҳу усулро интихоб кардан аз масоили муҳим аст, ки то тавонем ба соҳили мурод бе шикасту рехт даррасем.Ба иборати маъмули дигар чи гуна тавонем сулҳу суботу амнияти чун гавҳари бебаҳо дар даст доштаамонро ҳифз намоем. Муаллифи мақола дар баробари тавсиф ва тавзеҳи мафҳумоти дар боло зикршуда ба як нуқтаи меҳварӣ таваққуф менамояд, ки ҷавҳари матлаб онҷост. Аз ҷумла менависад:”Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.” Воқеан сари ин масъала таваҷҷӯҳи амиқ мебояд, зеро дарёфтани гавҳари осоиш осон нест вале ҳифзи он ҳам душвориҳои ба худ хос дорад. Гузашта аз ин муаллифи мақола мӯътақид бар он аст, ки хатарҳои бар сари миллат равона карда шуда, зуҳуроти тасодуфӣ набуда, дар заминаи тарҳрезиҳои муаййан рӯи кор меояд ва ба он аз назари илм чашм андохтан ҳатмист. Яъне нахуст ба моҳият ё худ ҷавҳари чунин зуҳуроти хатарнок назар кардан ва омӯхтани раванд ва қонуниятҳои он,усул ва роҳҳои амалӣ шуданаш аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад.Дар ин ҷода такя ба илм, маърифат зарур буда, онро бояд ҳушёрии сиёсӣ тақвият бахшад. Воқеан таҳлили кӯркӯронаи вазъият ва воқеаҳои муҳими сиёсии муоссир ба ҷомеаи мамалакат моро аз асли матлаб ва расидан ба ҳадафи асосӣ дур мекунад.Танҳо дар сурати тавзеҳи олимона ва оқилона мо метавонем дар мавриди тарғиби ҳақиқати воқеаҳо дастёб шавем ва ҷомеа аз андешҳои шубҳаангез барканор гардад.Муаллиф дар мавриди ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ баробари оид ба масъалаи хусусиятҳоиамнияти миллӣ

изҳори назар кардан, пешниҳод менамояд ва ногузир медонад, ки раванди таъмини амнияти давлат ва, миллат ба тарзи системавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта бошад. Танҳо ҳамин усули корбарӣ метавонад давлат ва миллатро бар муқобили ҳамаи хатарҳо устувор нигаҳ дорад. Зеро дар ҳамаи давру замон қувваҳои бадхоҳ мавҷуд буданд ва донистани таърихи муборизаҳо, усулу методҳои мавриди истифода қарор доштани он имкон медиҳад, аз як ҷониб чеҳраи аслии ҷараёнҳо ва ҳаракатҳои терористиву зиддимиллӣ монанди "ДОИШ", "Ал-Қоида", "ҲНИТ", "Ваҳҳобия", "Салафия", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва монанди инҳоро хуб шиносем ва аз ҷониби дигар бо онҳо муборизаҳои ҷиддиро ба роҳ монем. Яъне муносибат ба ин зуҳурот аз чашмандози илм бояд сурат пазирад, зеро ба қавлимуаллифи мақола “баҳодиҳӣ, хулосабарорӣ, муайян кардани муносибат ба рӯйдодҳои олам, рафтор ва амали Инсон баробар ба дониш, таҷриба ва малакаи ӯст”.

Дар мақола оид ба онҳое, ки бо нишондоди сарпарастонихориҷии худ бо тақдири миллат бозӣ мекунандниз сухан рафта, онро аз назари илмӣ чунин тавзеҳ медиҳад, ки донистани он ҳатмист: субъекти фаъол - дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит - ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат - сарфи раҳгумзадагон; сабаб - каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рӯҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурӯягӣ, адами масъулият назди Ватану Миллат; оқибат - эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллӣ. Агар аз рӯи ҳамин нақша ё формулаи таърихӣ назар намоем пас вазифаи имрӯзаи мо нахуст коҳиш додани каммаърифатӣ,нооогоҳӣ,рӯҳияи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ буда, дар ниҳоди мардум тақвият бахшидани муҳаббат ба Ватан ва масъулияти ватандорӣ мебошад. Дар ин раванд илм,назарияи воқеъбинонаи таърихӣ, бозгӯи ҳақиқати воқеаҳо имконияти густурдаро дар дарку маърифати асли матлаб эҷод мекунад. Ба тариқи илмӣ собит намуданиягонагии манфиати амнияти давлатӣ ва миллӣ дар дарки маърифати Ватан, Истиқлолият, «Ваҳдати миллӣ», кӯмак хоҳад расонд. Дар мақола яке аз мавзӯоти меҳварӣ геополитика: манфиат ва амният ба ҳисоб рафта, муаллиф тавонистааст донишҳои ҳақиқиро дар бораи маърифати зуҳуроти дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқӯъ пайваста аз бардоштҳо ва андешаҳои дурӯғину аз асл дур тамийз карда сарчашмаҳои онҳоро баён сохтааст.
Аз ҷумла дар бораи як мафҳуми маъмулии ифротгарони муосир муаллиф чунин мегӯяд, ки ақидаи Пешвои миллат “тероризм аз ислом нест”-ро тақвият мебахшад: истилоҳоти "ҷиҳод", "мубориза ба хотири исломи ноб", "сохтани давлати исломӣ", "шаҳид гаштан дар роҳи ислом", "мубориза бо куффор", "пуштибонӣ аз ислом дар рӯи олам" ва монанди инҳо, ки имрӯз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. Зеро "дар доираи дин, ислом муъҷизаи осмонӣ, фавқуттабиӣ аст. Диёнат аст. Имон аст. Боварӣ ва ихлоси маънавию рӯҳонӣ аст”. Воқеан ин фикр арзандаи таамуқ ва андеша буда, тавзеҳ ва таҳлили ҳадафҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ метавонад дар дарку эҳсоси матлабҳои асосӣ замина эҷод кунад.Яъне замоне фаро расидааст,ки дар мавриди масоили геополиткӣ ва иртиботи он бо воқеаҳои мудҳиши дар гӯшаву канори олам рух додаистода бештар гӯем ва ҷомеаро огоҳ созем. Дар мақола омадааст: “Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъмини амнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешаванд. Ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи таъмини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд.” Ин масъала низ муҳим буда, тавзеҳи ин ҳақиқат дар солимгардонии ҷомеа, ва масъулиятшиносии узви он таконе хоҳад буд.

Дар мақола оид ба илм, адабиёт ва амният сухан карда, муаллиф дар меҳвари андешаашмақоми адабиёт ва ҳунарро дар тарбияи ватанпарварӣ ва садоқат ба диёр ва мардумион қарор додааст. Аз ҷумла,адабиётро муҳимтарин ҷузъи системаи амнияти миллӣ донистатахсири каломи бадеъ, осори адабиродар тарбияи ахлоқӣ, давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навин муҳим мешуморад. Воқеан бахти мо тоҷикон аст, киадабиёти ғаниву рангине дорем, ки камтар миллати дигарро он насиб кардааст. Осори адибони классикии мо аз Рӯдакӣ сар карда то Садриддин Айнӣ куллан тарғибгари гуманизм ва сулҳу дӯстӣ, танқиди хурофот ва хислатҳои бади инсонист. Маҳз адабиёт ва осори адабӣ беҳтарин воситаи тарғиб ва тарбияи инсони ватандӯст аст. Дар ин ҷода метавон оид ба таъсири фарҳанг аз ҷумла театру кино, чорабиниҳои бузурги фараҳангӣ, ки аз адабиёт сарчашма мегирад таваққуф намуд.

Ҳамин тариқ, дар мақолаи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” муаллиф як бори дигар ба масъалаҳое рӯй овардааст, ки дарку маърифати он барои ҳар як сокини кишвар зарур аст,зеро масъалаи ҳифзиамнияти ватану миллат аз масоили меҳварӣ маҳсуб ёфта,дар истеҳкоми осоиштагӣ қадаме гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Дар ин маврид мақоми аҳли зиё онҳое, ки бо илму адаб сарукор доранд муассир буда, фаҳмишу дарки вазъи ҳаёти сиёсии кишвар ва ҷаҳон бо назардошти донишҳои илмӣ ва тавзеҳи он барои дигарон барои расидан ба асли матлаб, ки ҳимояи амнияту осоиштагии ватан мебошад арзишманд аст. Инак:

1. Танҳо омӯзиши амиқи вазъият аз назари илмӣ бо назардошти таърихи дури мавҷудияти давлат ва амнияти он, муқоисаву муқобилаи вазъи имрӯз бо ҳодисаҳои таърихӣ ва баровардани хулосаҳои дурусти илмӣ метавонад имконияти густурдаро дар ҳимояи ду мафҳуми муқаддас Ватан ва Амният фароҳам оварад.

2. Муколамаҳо ва баҳсҳои воқеии назариявӣ оид ба вазъи нохушоянди ҷаҳони имрӯз,ки ҷавҳари онро на идеологияи ватандорӣ, балки ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои абарқудратташкил менамояд муҳим буда, махсусан ҷавонон бояд аз асли рӯйдодҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд.

3. Эътибор додан ба масъалаи рушди адабиёт ва фарҳанг ва тавассути он тарбия намудани ҷомеа махсусан ҷавонон дар роҳи ватандориву миллатдӯстӣ, масъулият дар назди хонадон,падару модар ва Кишвар зарур аст. Дар ин ҷода имкониятҳои фаровоне мавҷуд аст, ки он ба ҳиммати олимон, устодони донишгоҳҳо, адибон, санъаткорон умуман зиёиён марбут мебошад.

4. Перомуни мавзуи дар мақола зикр ёфта, тавсифи масъалаҳои муҳими дар онбаён гардида, нуқтаи назари зиёиён ба тариқи густурда тавассути васоити ахбори омма бояд интишор ёбад, зеро “машварат идроку ҳушёрӣ медиҳад”,ки дар замони муосир ҷомеа маҳз ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ниёзманд аст.

С. Саидов, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ