Ёде аз Аминҷон Шукӯҳӣ
Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати адибону олимон, омӯзгорони макотиби ноҳия ва мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид.
Дар маҳфил, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бимоҳрӯ Қосимӣ, адабиётшинос Саидуморон Саидов, номзади илмҳои таърих, Шавкат Шарифов, номзади илмҳои филология Ӯғулой Қоситова, доктори илмҳои филология Неъматҷон Файзуллоев, нависанда Маъруф Бобоҷон ва дигарон доир ба ҳунари шоирӣ ва шахсияти Аминҷон Шукӯҳӣ ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти шоири номвар порчаҳои шеърӣ қироат доштанд.
Дар идома, базми хосаи шеъри шоир таҳти унвони “Шоири дилу дида” аз ҷониби ғолибони “Озмуни Шукӯҳихонӣ” ҷараён гирифт, ки табъи ҳозиринро болида сохт.
Маркази иттилоот ва таҳлил