​Изҳорот

Ҳама медонад, ки мардуми мусалмони тоҷик, хусусан ҷавонони моқалбҳои тоза ва имони пок доранд ва бо шунидани номи ислом мехоҳанд ба он хидмат кунанд. Ҳизби назҳати ислом дар Тоҷикистон барҳам дода шуд, барои он кироҳбарони ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамфикронаш дини мубини исломро ниқоби худ карда, бо шарикони берун аз давлаташон мехостанд, Тоҷикистони ободу зеборо ба вартаи ҳалокат, биёбони беоб табдил диҳанд. Ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон маълум аст, ки баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон соли 1991 Истиқлолиятро ба даст овард ва мо 27-солагии Истиқлолиятро 9-уми сентябри соли 2017 дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифтем. Аз соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва оқибатҳои ин ҷанг ба куштани одамони бегуноҳ, бародаркушӣ ва Тоҷикистон ба муҳосираи иқтисодӣ дучор гардид. Саркардагони ин ҷанги бародаркуш асосан шахсоне буданд, ки худро пешвои дини мубини ислом муаррифӣ намуда , дар амал дигар корҳоро ба анҷом мерасониданд. Дар майдонҳо бо овози баланд аз номи Худованд, пайғамбарон сухан мекарданд ва мардумро ба гумроҳӣ мебурданд. Сокинон суханони онҳоро бовар карда, муқобили бародар, падар ва фарзандони худ ҷанг эълон намуданд. Як тоифа одамон бо хоҷагони хориҷӣ муросо карда, дар Тоҷикистон Ҳизби назҳати исломӣ ташкил намуданд ва одамони гумроҳро ба аъзогии ин ҳизб даъват намуданд. Ҳол он ки дини ислом дар ягон давра ба ягон хел ҳизб эҳтиёҷ надошт. Ташкил намудани ҳизби назҳати ислом дар Тоҷикистон, ин фақат барои одамоне лозим буд, ки дар ҳориҷа пуштибон доштанд ва аз онҳо як маблағи муайян маош мегирифтанд. Дар Тоҷикистон аъзоёни ҳизби назҳати ислом одамоне буданд, ки саводи динӣ надоштанд, ба даст силоҳ гирифта муқобили бародару додари худ меҷангиданд, молу мулки мардумро тороҷ мекарданд ва мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Чӣ хеле, ки аз воситаҳои ахбор, тариқи шабакаҳои телевизонӣ ҳар рўзу шаб тамошо мекунем иддае аз ҷавонони гумроҳ ба Сурияю Ироқ, гўё ба ҷиҳод мераванд. Онҳо бо кӣ ҷиҳод мекунанд? Ба ҳаммазҳабони худ , ин номаълум мебошад. Агар ин ҷавонон ҳақиқати ислом ва маънои «Қуръон»-ро медонистанд ба ин роҳ намерафтанд ва дини мубини исломро дар байни оламиён бадном намекарданд ва мардуми мусулмони давлатҳои Араб сарсону саргардон дар давлатҳои Аврупо намешуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки террорист ва одамкуш дину мазҳаб надорад, барои ҳамин ба гуфтаҳои онҳо фирефта нашавед, ки наслҳои ояндаи мо ҳеҷ гоҳ моро намебахшанд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистон ҲНИ–ро маҳкум карданд, барои он ки солҳои охир роҳбарони ин ҳизб мехостанд, халқро муқобили давлат бархезонанд ва чунин давлати ободу тинҷро ноором созанд, вале мардуми бошарафи Тоҷикистон, ки лаззати гушнагӣ, бародаркушӣ, сарсону саргардониҳоро дар ҷумҳурии Афѓонистони ҳамсоя чашида буд ва дигар вокеаҳои солҳои 1992-1996-ро пеши назар оварда, ба воситаи матбуот ва воситаҳои ахбор баромад намуда, кирдорҳои ғаразноку нопоки ин гуна миллатбезоронро маҳкум намуданд, нолозим будани ин ҳизбро баён намуданд, барои он ки дар Тоҷикистон ҳамаи халқ, мусалмон мебошанд, озодона ба масҷидҳо рафта 5-вақт намози хешро мехонанд. Масҷидҳои ҷомеъ барои ҳамаи мардуми мусалмони Тоҷикистон кушода мебошад. Донишгоҳи исломӣ фаъолияти худро бурда истодааст, ҳар сол зиёда аз 5000 нафар мусалмонони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо яъне, Ҳаҷ мераванд, пас барои дини ислом ҳизб чӣ даркор аст?

Устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ