Тақдими Дипломи Академия ба ректори донишгоҳ
Директори филиали агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нуъмонҷон Ҳакимов ба ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Дипломи дараҷаи 3-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Мавриди ба зикр аст, ки 13-14-уми марти соли ҷорӣ, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» олимпиада баргузор гардида, донишомӯзони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯи 13 соҳаи илм, математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ донишгоҳро муаррифӣ намуданд.
Донишандӯзони донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, сазовори ду Ҷому ҳафт диплом ва сипосномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, бо ин нишондод мақоми сеюмро байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар касб намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил