Мулоқот бо намояндагони ҲХДТ
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, ҷовонмардиву ватанпарастии ҷавонон, дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мулоқоти судманди донишҷӯён бо намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Рухсора Давлатзода, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Аминҷон Шарифзода, мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ва дигарон доир ба масоили «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба терроризм ва экстремизм» баромад намуда, зикр доштанд, ки ҷавонон бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани донишу малакаи худ, бо истифода аз шаклу усулҳои муассир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм тақвият бахшанд. Илова гардид, ки рисолати аслии ҳар ҷавонмард ва ватандӯст, ин пеш аз ҳама бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан ба ободиву бунёдкорӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мебошад.
Баъдан, иштирокдорон доир ба сабаб ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил