​Изҳороти муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ Ҳусенов Ф. оид ба муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон

Санаи 22-23-уми июли соли равон дар сарҳади Тоҷикистон (Ворух) ва Қирғизистон (Оқсой) боз муноқишаи сарҳади рух дод, ки мутаассифона дар натиҷаи он 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, мувофиқи маълумотҳои гуногун 20-30 нафар аз ҳар ду тараф ҷароҳат бардоштаанд. Дар худи соли 2019 ин дуюмин муноқишаи сарҳади мебошад.

26-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли муноқишаи сарҳадӣ ба вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон барои гуфтушунид бо президент Сооронбой Жээнбеков рафтанд. Баъд аз гуфтушунид сарони ҳар ду давлат ба хабарнигорон оид ба мувофиқа расидани тарафҳо хабар доданд.

Сарони ҳар ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков, инчунин, бо сокинони деҳаҳои Ворух ва Оқсой вохӯрда, аз онҳо хоҳиш намуданд, ки минбаъд зиддиятҳои ба миён меомадаро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км сарҳади умумӣ дорад, ки то имрӯз бештар аз 500 км аз он демилитатсия ва демаркатсия шудаанд. Беш аз 400 км сарҳади умумие, ки демилитатсия ва демаркатсия нашудаанд, аз ҷумла байни деҳаҳои Чоркуҳ ва Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон мегузарад. Маҳз ин хати сарҳади муноқишаовар аст, зеро дар асоси харитаҳои замони шӯравӣ он ҳудудҳое, ки аз ҷониби амалдорони Тоҷикистон барои иҷора ба подабонӣ ба қирғизҳо дода шуда буд, ин минтақаҳоро онҳо аз они худ меҳисобанд.

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтушунид ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд низ гуфтушунидро дар доираи комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба демилитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ идома хоҳанд дод.

Гуфтушунид дар чунин сатҳи олӣ бори аввал аст. Бори аввал сарони ҳарду давлат бевосита дар минтақаи сарҳадии баҳснок омада, бо сокинони он ҳамсӯҳбат шуданд. Тоҷикистониён умед доранд, ки баъд аз чунин гуфтушунидҳо дигар байни аҳолии деҳаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша рух намедиҳад. Зеро, дар натиҷаи чунин муноқишаҳо садҳо шаҳрвандони мо ё ба ҳалокат, ё захми гардиданд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша тарафдори бо роҳи осоишта ҳал намудани масъалаи сарҳади буд ва ҳаст. Исботи ин гуфтаҳо иқдоми Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои гуфтушунид ба ҳудуди Қирғизистон рафт.

Баъд аз ҳар як муноқишаҳои сарҳадӣ Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ҳалли муаммо ба мувофиқа меомад. Лекин, мутассифона сокинони ҷумҳурии ҳамсоя баъд аз гузаштани муддате боз ба муноқиша даст мезаданд. Чунин аҳдшиканиҳо аз тарафи сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон мутасил роҳ дода мешуд. Лекин, мувофиқаи охирон, ки дар ҷараёни гуфтушуниди бевоситаи сарони ҳар ду кишвар ба даст омадааст, мумкин аст, ки минбаъд сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистонро аз роҳи муноқиша боздорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ