Агар ғурури миллӣ медошанд...
Дар шабакаи иҷтимоӣ хабаре тахти унвони: "Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад" чоп омадааст, ки муаллифи он ғояҳои муғризона дошта, чӣ гуфтанашро намедонад.
Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун сиёсати Дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Нотавонбинони ношукр ба монанди Кабирию дигар косалесони хоҷаҳои хоричӣ гапи мегуфтаашон намондааст, ки сафари расмии Пешвои миллатро зери суханҳои пучи худ мегиранд.
Бояд таъкид кард, ки давлатҳои Аврупо ба ғайр азшахсони манфури душманони миллати моро устухон медода боз ҳукумати қонунӣ доранд. Палидони Паймони гайриқонунии миллӣ ҳеч гоҳ ба ҳайати расмӣ рӯ ба рӯ шуда наметавонанд.
Бояд арз кунам, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу ин миллатанд. Агар ин палидони миллатситез ғурури миллӣ медошанд, ба ботлоқи расвоӣ ва бадтиннативу бадрӯзгорӣ ғӯта намезаданд.
Ҷабборов И.