​Гурӯҳҳои зиддидавлатӣ

Ҳамин тавр, ингуна гурӯҳҳо дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Гурӯҳҳои зиддидавлатӣ хоини Ватан ва хоини миллат мешавад!

Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо илова бар ин, бо сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини Ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд.

Ин аст, масъалаи хиёнат ба Ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон. Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.

Дар охир аз ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолону шахсони соҳибэҳтиром даъват ба амал меорам, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мазҳабии худ камари ҳиммат банданд ва дар муқовимат бо афкори экстремистӣ - террористии “Ихвон-ул-муслимин», ки аз тарафи ташкилотҳо ва давлатҳои алоҳидаи моҷароҷӯй пуштибонӣ меёбад, муташаккилона мубориза баранд, зеро бетарафӣ ва бешарафӣ дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ аз тарафи фарзандону наберагони мо ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд.

Устодони грамматикаи забони арабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ