​Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” насиби Моҳрӯ Қурбонзода гардид

Дар вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷамъбаст гардида, ғолиби озмун аз рӯйи ишғоли ҷойҳо дар чаҳор номинатсия ва Шоҳҷоиза бо мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

90 нафар ғолибони даври дуюми озмун, ки ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд, дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури ҳайати бонуфузи ҳакамон барои ба даст овардани пирӯзии навбатӣ донишу маҳорати худро нишон доданд. Донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асосӣ ва баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор санҷида ва баҳогузорӣ карда шуд.
Дар натиҷа Шоҳҷоизаи озмун ва 15 000 сомониро Қурбонзода Моҳрӯ – магистранти соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб гардид.

Ҳамчунин, Восидзода Манижа – донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи рус дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” мақоми дуюмро касб намуда, бо 7 000 сомонӣ қадр гашт.

Маврид ба таъкид аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ