​Пешвои миллат - поягузори сулҳ ва сармеъмори кишвар

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Пешвои миллат поягузори сулҳ ва сармеъмори кишвар" баргузор гардид.

Ба конференсияи мазкур деканифакултет, дотсент Иброҳим Ҷабборов ҳусни оғозбахшида, дар доираи хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ба ин васила, рушду нумуи соҳаҳоимухталифи мамлакатсухан намуд.

Дар идома, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология, Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи "Пешвои миллат ҳидоятгари таҳкими Истиқлолият" ва донишҷӯи курси дуюми факултет, Ситора Устобобоева оид ба "Нақши Пешвои миллат дар бунëди сиëсати давлатии ҷавонон" баромад карданд.

Донишҷӯëн шеъру гуфтор ва суруду таронаҳо дар васфи Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат ва Ватан манзури аҳли нишаст гардониданд.

Ҷаҳонгир Махкамов,

донишҷӯи бахши панҷуми

факултети таърих ва ҳуқуқ,

узви маҳфили "Неруи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ