ҲНИ-ро якдилона маҳкум менамоем!
Масъалаи сиёсикунонии дин дар замони муосир аз зумраи масъалаҳои мубрами низоми сиёсӣ гардидааст. Ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳое, ки дорои хусусияти динӣ ҳастанд, низоми давлатдориро бар хилофи дини ислом ҳисобида,яке аз омилҳои паст задани дин ба шумор мераванд.
Боиси хушбахтист, ки мардуми тоҷик оид ба ин тамоюлҳо назари худро доранд ва чунин меҳисобанд, ки давлати дунявӣ, озоду демократӣ қодир аст, динро тариққӣ диҳад, роҳи дуруст ва судмандро баҳри халқи худ пешниҳод намояд.
Дар баробари афзалиятҳо камбудиҳое, ҷой дорад, ки баъзе аз нохалафоннизоми давлатдории демократиро монеаи бузург барои пешрафти дин меҳисобанд. Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки то ҳанӯз оид ба фаҳмишу дарки зарурии моҳияти низоми давлати демократӣ муаммоҳои бисёре ҷой доранд. Мусаллам аст, ки дар тассавури баъзе аз нафарон фикру ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дошта, бештар наврасон ва ҷавононро ба гурӯххои ифротгароӣ шомил гардонида, ақидаҳои нодурусти диниро дар ҷомеаи демократӣ амалӣ гардонидан мехоҳанд.
Алиева Мунзифахон,муаллимаи кафедраи
технология ва методикаи таълимии он