Изҳороти ҷомеаи кафедраи алгебра ва геометрия
Аз қадимулайём тоҷику – қирғиз бо ҳам дӯсти наздик буданд.Дар солҳои охир дар сарҳади ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон якчандқонуншиканиҳо руй дода истодааст аз рўиин қонуншиканиҳо мардуми ду кишвар хеле худро ноором ҳис карда истодаанд. Масалан, якчанд ҳодисаҳо дар марзи шаҳри Исфара ва пас дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Мо бовари комил дорем, ки ин ҷо мардуми ҳарду кишвар айбдор нестанд. Мумкин аст, бадхоҳоне ҳастанд, ки мехоҳанд дўстии ин ду халқро барҳам диҳанд. Аз ин лиҳоз мо ба мардуми ҳамсояҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват ба амал меорем, ки зираку ҳушёр бошанд то қувваҳои берунаи бадхоҳ онҳоро фирефтаи худ накунанд. Мо дўст будем ва бояд дўст монд.Ин ҳама ҳодисаҳо барои вайрон кардани марз ва гирифтани қитъаи замин аст. Ҳукуматҳои ҳарду ҷониб инро ба таври қонуни ҳал мекунанд ва касе худсарона набояд, марзи дигар ҷумҳуриро варон намояд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Як чанд километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати “Овчи Қалъача ” мебошад, ки дар ин марз низ якчанд ҷангу талоши ду мардум барои замин, барои об ва ғайра сабабҳо ба амал омада истодааст.
Яке аз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод, боиси марги се сарбози Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон, инчунин маҷруҳ шудани чандин мардуми маҳалӣ шудааст.Нисбат ба чунини воқия вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, "ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд."
Пеш аз ин мақомоти қирғиз сарҳадбонони Тоҷикистонро муттаҳам карда буданд, ки нахустин шуда оташ кушодаанд.
Хулоса бар ин гуфтан мумкин аст,ки мардумони ду кишвар ҳамсояҳо чандин солҳо дӯсту бародар зиндагӣ мекарданд.Шахсоне, ки ни дӯстию бародарии мурдумони ҳамсояҳоро намеҳоҳанд, кибо осмони соф зиндагӣ намоянд ваякчанд баҳонаҳоро омода месозанд, ки ду ҳамсоя бо як дигар ҷангу талош намоянд.
Мо аҳли омӯзгорон тарафдорем онем, ки ин ду ҳамсояҳо аҳл вабо якдигар дӯсту бародар бошанд . Баҳонаҳое, ки дар болооварда шуданд ҳеҷ гоҳ ба қадри инсонбаробар нест.