Изҳороти Ҳошимова Шафоат Файзуллоевна, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатти Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 22-23-юми июл дар ҷараёни муноқишаи хунин дар марзи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон як муаллими мактаби Ворух кушта ва беш аз 30 тани дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.
Рӯзи 26-уми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари кории худ дар Ворух ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин музокирот, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков музокироти васеъ марбут ба мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт.Дар ин гуфтушунид бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳад машварату музокирот гузаронида шуд ва ин муносибатҳои мутақобили ду кишвар таъсири мусбӣ расонд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доираи васеъи масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Инчунин оиди пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии тарафҳо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамбастагии осоишта махсус таъкид гардид.
Чӣ бошад, ки рӯзи 5-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сокинони деҳаҳои Овчӣ – Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рухдод.
Гарчанде даҳшати ин муноқишаҳо фаромӯш шавад ҳам аммо сӯзиш барои аз даст рафтани як ҳамватан падар, писар ва шавҳари як хонадон дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд. Вале оромии кишвар сулҳ субот барои мардуми тоҷик болотар аз ҳама чиз аст. Баъзе аз ҳокимони маҳалли Қирғизистон аз ин гуфтушунид, дӯстӣ ва ором гаштани вазъи сарҳад нороҳат мегарданд. Онҳо шояд тарафдори низоъ бошанд ва дар оромии кишварашон рашк баранд, ҳасудхуранд. Оиди муносибатҳои дӯстӣ, кӣ Президенти Қирғизистон таъкид карда буд, чаро баъзе аз шаҳрвандони қирғиз ба сарвари худ итоат намекунанд. Халқи тоҷик ҷанги девонавори бародаркуширо аз саргузаронд ва сулҳу оромӣ дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ муносибати ҳамсоядориро, ки анъанаи урфу одати халқи қадимаи тоҷик мебошад нағз дарк мекунад ва кӯшиш менамояд, ки Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон бошад.