​Дар заминаи Паёми Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозор конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвониСаноатикунонии босуръати мамлакат ва иқтисодиёти рақамӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Конференсия дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, дар меҳвари он ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар қарор гирифт.

Декани факултет доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдураҳмон Қодиров дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат” баромад дошта, гуфт, ки яке аз мақсадҳои асосии давлат ин таъмини зиндагии арзанда шаҳрвандон буда, барои амали гардонидан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор қарорҳо, стратегияҳо ва барномаҳои дахлдорро қабул намудааст. Паёми Президенти мамлакат Ҳукумати кишварро вазифадор менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг - Рустамҷон Мавлонов роҷеъ ба “Системаи маълумоти олӣ дар фазои иқтисодиёти рақамӣ” маърӯза намуда, қайд кард, ки давлату ҳукумат баҳри пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш аҳамияти хос зоҳир менамояд. Илова гарш, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф вазифадор шудаанд, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ баланд бардошта, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, қобилияти эҷодии наврасону ҷавононро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Пас аз он, мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Саидмуродхон Мамадов дар мавзӯи “Паёми Президенти кишвар дар таҳкими рушди иқтисодиёти миллӣ” сухан карда, доир ба рушди иқтисодиёти кишвар дар ҳафт соли охир бо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сухан кард. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.

Баъдан дар заминаи масоили фавқуззикр табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ