​Изҳорот ба фаъолияти ҲНИ

Дар ҷаҳони имрӯза шахсият ва ё гурӯҳҳои нохалафе ба миён меоянд, ки ба тинҷиву оромии кишвар халалдор мегарданд. Яке аз чунин гурӯҳи ифротгаро ин ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияти ин ҳизб аз сабаби фикру ақидаи ғаразнок доштанаш дар ҷумҳурии мо маҳкум карда шудааст. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ин ин ҳизб пайравони худро дар гирду атрофи ҷаҳон ва худи Тоҷикистон ҷустуҷӯ ва пайдо намуда, дар байни мардум ваҳму тарсро ҷой медиҳад. Фикр мекунем, ки халқи тоҷик кӣ ё чӣ будани ин ҳизби зиёноварро дарк намудааст ва бинобар ин боварии мардуми тоҷик нисбат ба ҲНИ як қадар коста шудааст.

Азбаски ин ҳизби наҳзат дар дидаву дили мардум тарсу ваҳмро ҷой кардааст ва якчанд амалҳои нопокро ба иҷро расонидааст, он дар ҷумҳурии мо чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохта шудааст. Барои дастгир кардани аъзоёни ин ҳизб Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомотҳои дахлдори кишварҳои дунё ҳамкориро ба роҳ гузошта, якчанд нафари онҳо ҳангоми убури сарҳад дар минтақаҳои гуногуни дунё дастгир шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Нисбати ин гуна шахсони роҳгумзада чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ҳамин тавр, ҲНИ сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ҳисоб гашта, онҳо бо ҳар роҳ, бо идеологияи ифротгароёнаи хеш ба шуури шахсони алоҳида таъсир расонида онҳоро ба пайроҳаи пурталтуми террористиву экстремистӣ, ба сӯи корҳои нохалаф роҳсипор кардаанд. Афсӯс ки аз паст будани маърифат ва танг будани ҷаҳонбинии бархе аз ҷавонони тоҷик ба тезӣ ба доми ҲНИ меафтанд. Зеро ки ин қатори ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ мегарданд ва аз ҳама талхтарин он аст, ки ин гурӯҳи наҳзатиён исломро баро ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Аз ин сабаб ҷавононро барои он даъват менамоем, ки фирефтаи суханҳои аҳмақона нагарданд ва ҳаёти худро барои обод намудани кишвари ҷоноҷонамон бахшанд. Зеро ки ҷомеаи аҳл бо дастгирӣ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат саҳмгузор шуда метавонад.

Аз тоҷикону тоҷикистониёни дунё хоҳиш менамоем, ки аз ҳамроҳшавӣ ба ин ташкилоти ғояи ғаразнокдошта худдорӣ намоянд ва ба ҷои ин намояндаи нексиришти кишвар гарданд. Зеро ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги қадимаи бой дошта, дар арсаи байналмилалӣ чун давлати ҳуқуқбунёд ва озод қабул шудааст.

Мардуми имрӯзаи тоҷик ба Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии калон дорад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки роҳбарияти Ҳукумат ҳамаи кӯшишу ғайрати худро баҳри тинҷу осудаҳолона умр ба сар бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон равона намудааст.

Мо тарафдори он ҳастем, ки ин гуна гурӯҳҳои зиёновар решакан карда шаванд. Бинобар ин мо фаъолияти худро баҳри тарбияи ғоявии ҷавонон равона сохта, чорабиниҳои гуногуни тарбиявиро дар донишгоҳ гузаронида истодааст. Дар оянда низ ҷалб кардани насли наврас ба корҳои манфиатнок, тарбияи меҳнатӣ, варзиш ва амсоли он ба шумор меравад.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин гуна афрод ва гурӯҳҳо муборизаро даҳчанд намоем ва барои тинҷиву оромӣ муборизаи якҷоя барем.

Кафедраи забони олмонии

факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ