​Муроди мо насиҳат нест, огоҳ кардану ҳушдор сохтан аст

Қарни ХХ1 –роқарни таҳаввулот, аз ҷумлаи таҳаввулоти технологӣ унвон додаанд, ки он боиси навгонӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ гардидаву Тоҷикистондар канор нест. Ҳамагон, бахусус ҷавонон ба ин таҳаввулот қобияти хуби мутобиқшавиро соҳиб буда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малака аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодаанд. Истифода бурда тавонистану ҳамқадамизамон будан як тарафи масъала бошадтарафи дигарашистифодабарандагон кистанду маданияти истифодабариро то кадом андоза азхуд кардаанд? маҳсуб меёбад.

Ба таври ҷиддӣ аз навгониву рушди илмҳои дақиқу техникӣ бархурдор буданусатҳи касбии хешро баталаботи стандарти байналхалқӣмувофиқ сохтанд ва барои рангину мазмунноку шавқовар шудани ҳаёту фаъолият ғайр аз истеъдоди кор бо технологияҳои муосир ақлу хираду фаҳму фаросатниз лозим аст, ки имрӯз риояи онро камтар ҳис мекунем.Донистани забони ҳориҷиву уҳда карда тавонистани технологияҳои муосир мазмуни инсони комилро буданро пурра ифода намекунад.

Тайи ду – се рӯзиохир оид ба масъалаи баланд шудани нархномаи хизматрасонии шабакаи иҷтимоии интернет сару садоҳои гуногуне пайдо шуда, ҳар кас мувофиқи табъу завқу ақлу тамизаш андешаронӣ мекунад. Шояд гап дар сари арзону гарон шудани нарху навои хизматрасонии интернет набошад. Ҷавонону наврасони имрӯз, ки “ғуломи интернет” шудаанду озодона андешаву фикри худро бо нутқи шифоҳиву забони худододаи модариашон иброз дошта наметавонанд (доираи на он қадар васеи ҷавонон бошанд ҳам) ба таҳлука афтодаанд, ки акнун чи кор мекунанд? Аз “ёру рафиқу ҳамдам”-и шабонарӯзиашон чи хел дил мекананд? Барои навиштани“корҳои мустакилонаву корҳои хаттӣ ”ба куҷо муроҷиат мекунанд? ва ғайраву ҳоказоҳои дигар...

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии кориашон ба вилояти Суғд (дар ҷашни Наврӯз) ҳангоми ифтитоҳи бинои китобхонаи оммавӣ дар нохияи Спитамен қайд намуданд, ки китобхонӣ асоси тамомии муваффақиятҳои инсоният буда, китобхон ҳамеша дар зиндагӣ комрону муваффақ аст ва дар робита озмуни “Китобхони беҳтарини сол”-ро эълон намуданд.

Ҷавонони азиз, истифодабарандагони шабакаи умумиҷаҳони интернет азшумоёнталабва дархости онро дорем, ки боре сари андеша омада, рафторукирдори худро бо тарозуи ақл баркашед (итминон дорем, ки қудрататон мерасад), ояндаи худу волидайну наслатонрохӯреду ба китобхониву китобхона рӯоваред, зероҷавоби тамоми саволатон он ҷо меёбед.Ҳанӯз дарпаси партаи синфҳои ибтидоӣ нишастанатон муаллиматон шеъри АлӣБобоҷон:

Гир маро, ман китоб,

Ҳикмати ман бехисоб.

Гиру зи дастат намон,

Гаштаву баргашта хон!-роаз ёд кунонида, ҳар субҳ дарси забони модариро бо чунин мисраҳои ба назар соддаву мазмунан пурборро оғоз мекард. Наход аз ёдатон рафта бошад? Яке аз сабабҳои парешонхотирӣ, асабоният, парешонхотириро табибони муосираз истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ медонанд. Лекин, қазоват аз худи шумост, соҳиби ақлу ҳуш ҳастед, дар муассисаҳои олӣ таҳсили илм доред, дар замони орому осуда, зери навои хуши истиқлолиятзиндагӣ доред, пас бо азму иродаи қавӣба сӯи ояндаи дурахшонзанед!

Мақсад аз гуфтаҳои боло, манъ кардан ва ёмаҳдуд намуданифазои интернетӣ набуда,риояимаданияту одобимуоширату муносибатмебошад. Пеш аз ворид шудан ба ягон саҳифаиинтернетӣ(портал, паблик чат...) андешаи он намоед, ки зарурат ҳаст ё не, агар бошад истифодааз рӯиимкониятва бафоидаи кор бошад. Падидаҳоиноматлубе, ки имрӯзҳамагонро ба ташвиш овардаастубештар ҷавонон гирифториин бало мешаванд сабабгориасосиашмаҳзшабакаииҷтимоии интернет аст. Тақлидкорӣ(сару либос, ришу мӯи сар, сухангӯӣ...), зудбоварӣ,иштибоҳ,ғайриқонунӣ сафар ба хориҷикишвар, даъвои муллогӣ кардан, ба ҷо наовардани эҳтироми волидайнуустодону калонсолонва ғайрамаҳсулишуғли бемақсадона аз шабакаиинтернет аст.

Изҳороти Қодирова М.А. -муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ