Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгароӣ
Имрӯз шаҳрвандон эътироф кардаанд, ки њар касе, киба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан хоинони Ватан ва миллат ҳисобида мешаванд.
Аз ҷумла, коршиносон дар суханронии худ дар бораи ин гуна шахсон чунин ибрози андеша доранд.Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан-Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд.
Хулоса, омадани онҳо ва ѓалабаи онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо ва нобудии миллати мо мебошад! Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зидди давлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо ингуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ва саркардагони гурӯҳи онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки зиёни хоинон ба Ватани маҳбубамон расад.
Кулли устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ зидди ин гурӯҳ ва ақидаҳои пучи онҳо буда, онҳоро ҳамчун ҳаракати террористӣ медонанд.
Устодони грамматикаи забони арабӣ