Изҳорот: ​Дӯстдории ватан нишонаи имон аст

Имрўз боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил зиёда аз 190 давлати ҷаҳон расман шинохтаанд, кишвари мо бо 150 давлат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Бо зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муносибатҳои дутарафаро ба роҳ мондааем. Мутаасифона баъзан курбинони ин кишвар, дастовардҳои давлату миллатро нодида гирифта ба иғвову дасиса дода мешаванд.

Дар шабакаи иҷтимоӣ хабаре тахти унвони: “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” чоп омадааст, ки муаллифи он бо бадюиниву тафриқа ва ғояҳои муғризонааш чӣ гуфтанашро намедонад.
Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун сиёсати Дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дўст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Бадхоҳону бадандешон ва нотавонбинони ношукр андешаҳои худро оид ба сафари Пешвои миллат ба Аврупо зери тозиёнаи танқид гирифта, дар фикри ташкили роҳпаймоиҳо мебошанд. Бо ин амали худ танҳо ба худ зиён меоранду бас ва набояд нисбати давлату миллат бадгўӣ намоянд. Мо фаъолияти пасипардагии онҳоро дар Аврупо шадидан маҳкум менамоем.
Мо боварӣ дорем, ки сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Аврупо самараи дилхоҳ ба бор меоварад ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон заминаҳои мусоид фароҳам мегардад. Дарҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Аврупо баруи Президенти мо кушодаанд, агар ягон мушкилоти ҷиддӣ мебуд, ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф намеоварданд ва бо Президенти кишвар ва ҳайати расмии Тоҷикистон вохурӣ анҷом намедоданд.


Омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ Мавзуна Оқилова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ