Изҳорот ба фаъолияти ҲНИ
Фикр мекунам, ки аҳли илму маърифат фаъолияти ҳаматарафаи ҲНИ-ро маҳкум месозанд. Зеро ки фаъолияти ин ҳизб аз сабаби ғояҳои бадхалафона нисбати кишвари маҳбуби мо доштанаш солҳои охир боздошта шудааст. Сарфи назар ба ин ин ҳизб аз хориҷи кишвар истода боз пайравони худро дар гирду атрофи ҷаҳон ва худи Тоҷикистон ҷустуҷӯ менамояд. Аммо боварии мардуми тоҷик нисбат ба ТТЭ ҲНИ як қадар коста шудааст.
Ин ҳизб дар ҷумҳурии мо чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохта шуда, то ин дам аз ҷониби оно ҷиноятҳои гуногун содир карда шудаанд. Барои дастгир кардани аъзоёни ин ҳизб Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомотҳои дахлдори кишварҳои дунё ҳамкориро ба роҳ гузошта, якчанд нафари онҳо ҳангоми убури сарҳад дар минтақаҳои гуногуни дунё дастгир шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Ҳамин тавр, ТТЭ ҲНИ сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ҳисоб гашта, онҳо бо ҳар роҳ, бо идеологияи ифротгароёнаи хеш ба шуури шахсони алоҳида таъсир расонида онҳоро ба пайроҳаи пурталтуми террористиву экстремистӣ, ба сӯи корҳои нохалаф роҳсипор кардаанд. Афсӯс ки аз паст будани маърифат ва танг будани ҷаҳонбинии бархе аз ҷавонони тоҷик ба тезӣ ба доми ТТЭ ҲНИ меафтанд. Зеро ки ин қатори ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ мегарданд ва аз ҳама талхтарин он аст, ки ин гурӯҳи наҳзатиён исломро баро ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Аз ин сабаб ҷавононро барои он даъват менамоем, ки фирефтаи суханҳои аҳмақона нагарданд ва ҳаёти худро барои обод намудани кишвари ҷоноҷонамон бахшанд. Зеро ки ҷомеаи аҳл бо дастгирӣ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат саҳмгузор шуда метавонад.
Аз тоҷикону тоҷикистониёни дунё хоҳиш менамоем, ки аз ҳамроҳшавӣ ба ин ташкилоти ғояи ғаразнокдошта худдорӣ намоянд ва ба ҷои ин намояндаи нексиришти кишвар гарданд. Зеро ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги қадимаи бой дошта, дар арсаи байналмилалӣ чун давлати ҳуқуқбунёд ва озод қабул шудааст.
Мо тарафдори он ҳастем, ки ин гуна гурӯҳҳои зиёновар решакан карда шаванд. Бинобар ин мо фаъолияти худро баҳри тарбияи ғоявии ҷавонон равона сохта, чорабиниҳои гуногуни тарбиявиро дар донишгоҳ гузаронида истодааст. Дар оянда низ ҷалб кардани насли наврас ба корҳои манфиатнок, тарбияи меҳнатӣ, варзиш ва амсоли он ба шумор меравад.
Саидов М.М.
Мудири кафедраи забони олмонӣ
Факултети забонҳои хориҷӣ