Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Нилуфар Раҳматуллоева барои таҳияи “Китоби электронӣ” 3 000 сомонӣ тақдим намуд

Дар озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Нилуфар Раҳматуллоева - донишҷўи курси 5-уми факултаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардид.

“Китоби электронӣ”-и таҳиянамудаи Нилуфар Раҳматуллоева китоби таълимии “Таърихи халқи тоҷик барои синфи 7” буда, дар “Play Mapкет” ҷойгир шудааст.

Мавриди зикр аст, ки озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ