Терроризм дар раванди ҷаҳонишавӣ
Дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, на танҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилотҳо аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои террористӣ– экстремистӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз ин роҳҳо сиёсикунонии ислом мебошад.
Терроризми байналмилалӣ набояд дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллии кишварҳо, балки дар сатҳи васеътари манфиатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъриф гардад. Ин зуҳурот ба таърихи пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ҳамсол аст. Тӯли таърих терроризм барои ба даст овардани қудрат, барои таъмини ғаразҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои маҳдуди сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои мухталифи яҳудӣ, масеҳӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст. Тафаккури мазҳабӣ иқдомоти хушунатбор дошта метавонад. Беҳуда нест, ки яке аз навъҳои терроризм- ин терроризми мазҳабист.
Таълимоти дини ислом – сулҳпарварона, инсондӯстона ва моломоли андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Беҳуда нест, ки Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) худро омӯзгор мегуфтанд ва аз ин ифтихор мекарданд. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бубинед онҳо аз дин чӣ гуна сӯиистеъмол менамоянд. Агар мо як дини исломро дар назар дошта бошем, он 72 равия дорад. Аз ҳама мазҳабҳои калони он суннӣ ва шиъа мебошанд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миёни ин ду равияи ислом зиддият ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд. Бо истифода аз ин ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд.
Ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои ҳархела додаанд.
Бояд гуфт, ки абарқудратҳои дунё онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва яроқу аслиҳа дастгирӣ карданд. Мақсади ин гурӯҳ давлатҳо, ки муаллифони лоиҳаҳои террористиву экстремистӣ дар Ироқу Сурияву Афғонистон будаанд, манфиатҳои милливу давлатии худро тавассути ташкилотҳои террористиву экстремистӣ амалӣ кардан мебошад, ки он ҳам бо истифодаи сиёсикунии ислом сурат гирифта истодааст.
Ин ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ аст, лекин ин раванд дар умум мусбат арзёбӣ мегардад. Ин пасомадҳои манфии раванди мазкур аст. Дар асл гурӯҳҳои зиёди террористӣ ба дини ислом — ба он чизе, ки Худованд ба воситаи Қуръон ба мардум фармудааст, ҳеҷ умумияте надоранд. Дар дини ислом мақсади асосӣ- тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост равон кардан аст.
Бояд гуфт, ки дин низ дар баробари илм, идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ як шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон ва шаҳрвандони давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд.