​ТТЭ ҲНИ ва думраваконаш сар то по дурӯя ва мунофиқанд...

Инсони якрӯву якбин дар ҳама давру замон мақому манзалати хоссае дошт, вале ашхоси бӯқаламунсират ҳеҷ гоҳ дурри мақсуд ба даст наовардааст. Ин бояд ба имрӯзиён дарси ибрат шавад, аммо, мутаассифона, аз муносибати бӯқаламуносои афроде чун намояндагони Ташкилоти экстремистию террористӣ Ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллӣ ва косалесонашон кас ангушти ҳайрат газида, меандешад, ки наход, кибаҳри ҷоҳу мансаб, курсӣ шахс ватани худро ба як пули пучак фурӯшад, хоҳони он шавад, ки барои соҳибгардӣ ба мақоме ин гуна мансабгадоён ба сари миллати хеш офатҳо орад (чунонки солҳои 90-уми асри гузашта бархе аз чунин тоифа ба чунин амали носавоб даст заданд). Сар то пои чунин афродро дурӯягӣ, мунофиқӣ фаро гирифтааст. Шоир мегӯяд, ки:

Мунофиқро мадон ёри мувофиқ,

Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ.

Ин нафарон хеҷ гоҳ ба одам дӯст намешаванд, зеро аз афроде, ки нисбат ба ватану миллаташ хиёнаткориро пеша кардааст, мулкеро, ки хуни нофаш он ҷо рехтааст, бо дасисаҳои бисёр мехоҳад ба вартаи бало кашад, чашми некӣ интизор шудан аз сабукфикрист. Дар майнаи ин гуна ашхос танҳо як андеша чархмезанад: илоҷе карда, бо ҳар василае мансаби баланде (ҳеҷ набошад, мансабаке) ба даст оранду баъдан ба андӯхтани сарват машғул шаванд. Ин нафарон касонеанд, ки ба таъбири шоир, “тарки дунё ба мардум омӯзанд, хештани симу ғалла андӯзанд”.

Ин нафарон ашхосе ҳастанд,ки дар ду қибла намозмехонанд, дар дилашон ба ҷои бунёд кардани лонаи меҳру шафқат, лутфу ғамхорӣ ва умеду ормони дармондагону муҳтоҷон кохи ҳасаду бухл, нотавонбинию ғайбат сохтаанд.

Дар ташкилоти экстремистию террористии номбурда танҳо манфиатҷӯён гирд омадаанд, барои расиданба чунин ҳадафҳои хеш пайваста забон ба дурӯғ меолоёянд, онҳо ҷавфурӯшони дар ангушт гандумдоштаеанд, ки корашон фақат фахрфурӯшист. Онҳо нотавонбинонеанд, ки аз пешравии миллати тоҷик ғамгинанд, корҳои хайру савоби кардаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба ҷои хушнуд кардан ба ғазаб меорад. Онҳо байни мардум аз сулҳу субот сафсатта мехонанд, вале аъмолашон мутобиқ ба он нест. Шоир дар ин хусус басо хуб гуфтааст:

Сарбаландӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош,

Қолин аз садранг будан зери по уфтодааст.

Кафедраи забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ