Саодат ва бақои миллати соҳибихтиёр
Имрӯз насли хештаншинос хуб дарк кардаанд, ки Истиқлолият нишони ҳуввит ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва асоси бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоxик аст. Аз мафҳуми озодӣ андешида, ин суханони пурмазмуни Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотирам мерасад, ки фармудаанд: «Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба xон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро Истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накўкорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад». Ба қадри ин сухан ва асли мафҳуми он шахсе мерасад, ки аз муборизаву ҷонисориҳои халқ дар масири ноил шудан ба озодию истиқлоли миллӣ бохабар бошад. Мо ҳама хуб медонем, ки Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди масъулони соҳот, аз ҷумла суд иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудани бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҳуқуқ ва қонун мазмуну муқаррароти нав пайдо кард ва расидан ба ваҳдати миллӣ муҳити созгори татбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсонро муҳайё намуд. Дар низоми ҳуқуқии кишвар мақомоти судӣ нақши марказӣ дорад пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тағйироту пешрафтҳои зиёд ба амал омаданд. Чунончи дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26-уми сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан асоси қонунӣ гузоштанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал кард. Мустақилона ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ дар мамлакат таъмин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба дурустӣ ҳифз шаванд.
Қобили зикр аст, ки таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анxом шудаанд. Қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар се марҳала маҳз бо эҳтимоми Сарвари муаззами давлат сурат гирифта, дар шаклгирии низоми боадолатона ва тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ нақши муассир гузоштанд. Ҳоло «Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017» мавриди амал қарор дорад. Мутмаинем, ки татбиқи босамари барнома барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.
Маъруфҷон Рустамзода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд